Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасами "занталоқ"-и шавҳар Салтанатро бадбахт кард. ВИДЕО


Салтанат Ятимова, мегӯяд, борҳо хост, худро бикушад.
Салтанат Ятимова, мегӯяд, борҳо хост, худро бикушад.

Як қасами “занталоқ”-и шавҳар рӯзгори Салтанат Ятимова, сокини 47-солаи шаҳри Ваҳдатро талх кардааст.

Шавҳари аввали Салтанат бист сол пеш ба дуздӣ муттаҳам шуд, вале қасам хӯрд, ки «занаш талоқ шавад» ин корро накардааст. Баъдан кормандони пулис ӯро дастгир карданд ва гуноҳаш исбот шуд. Ин ҳодиса оғози бадбахтиҳои Салтанат гашт.

Ӯро, ки дигар як зани талоқдида буд, аз хонаи шавҳар ронданд. “Хусурам гуфт, ки баро, рав, хонаву дари маро ҳаром накун. Хӯрок мепӯхтам, намехӯрданд. Мегуфтанд, ки нони пухтаи ту ҳаром аст”, - нақл кард Салтанат Ятимова охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳоло ин сокини шаҳри Ваҳдат дар як сохтмони нотамом ва бе дару тиреза зиндагӣ дорад. Қувваи босираашро ҳам аз даст додааст.

Қасами занталоқи шавҳар Салтанатро бадбахт кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Ӯ мегӯяд, дар хонаи падар ҳам, ки чанд оила ба сар мебурд, ҷой наёфт. Баъди бозгашт ба хонаи падар маҷбураш кардаанд, то дигарбора шавҳар кунад. Талошҳои дигари Салтанат Ятимова барои шавҳар кардану сарпаноҳе ёфтан бенатиҷа буд. Ду дафъа оиладор шуд, аммо хонадориаш дер давом накард.

Мегӯяд, намехост аз духтараш, ки аз шавҳари аввалааш буд, ҷудо шавад, аммо дар оилаҳои нав фарзанди ӯро қабул кардан намехостанд. Баъд аз солҳои тӯлонии дарбадарӣ бо ду духтар, маҷбур шуд як манзили нимасохти бе дару тиреза дар канори шаҳри Ваҳдатро ҷои зист интихоб кунад. Соҳиби манзил пас аз огаҳ шудан ба наздаш омад, аммо вазъи ногуворашро дида, иҷозат додааст муддате дар он сохтмон бимонад.

Метарсам, ягон дузду маст надарояд

“Вақте ба инҷо омадем, ҳама ҷои бино боз буд. Ҳам чиз медаромад. Шабҳо метарсидем. Ҳоло ҳам хоби ҳалол надорам. Метарсам, ки ягон дузду маст надарояд. Духтари наврас дорам”, - афзуд ӯ.

Салатанат мегӯяд, тамоми азобу азияти рӯзгорро чун атои тақдир таҳаммул кард ва бо умеде, ки як рӯз ин ҳама анҷом меёбад. Аммо ҳодисаи таҷовузи духтари қадрасаш дар пайи бехонагиву дарбадарӣ ӯро аз зиндагӣ ва одамон дилсард кард.

Духтари калониашро таҷовуз карданд ва ӯ ҳомила шуд. Мегӯяд, баъд аз ин ӯ чанд бор фикри қасди ҷони худро ҳам кард: “Худкушӣ кардан мехостам, натавонистам. Аз ояндаи духтарон меатарсидам ва аз роҳ гаштам. Шарманда шудам. Духтарам аз ночорӣ кор мекард ва як рӯз ба ҳамин ҳол гирифтор шуд. Баъд як одами хуб пайдо шуд ва ӯро ба занӣ гирифт.”

Ояндаи норӯшан баъди мусибатҳои паёпай

Салтанат Ятимова, ки ҳоло бо духтари хурдӣ дар сохтмони нотамом зиндагӣ дорад, қаблан бо тозаву тамиз кардани хонаҳои мардум нонпулии худ ва духтарашро меёфт. Акнун бо кам шудани нури чашм ин имконро надорад. Бо вуҷуди дарбадарӣ ин модар ба ҳар гӯшае, ки маскан мегирад, духтари хурдиашро он ҷо ба мактаб медиҳад.

Духтари Салтанат мегӯяд, гоҳе ба ӯ тамасхур мекунанд.
Духтари Салтанат мегӯяд, гоҳе ба ӯ тамасхур мекунанд.

Ҳоло Ситора дар мактаби канораи шаҳри Ваҳдат дар синфи 6-ум мехонад. Ба гуфтаи Ситора, дар мактаб баъзе аз ҳамсинфон ҳолати ӯро медонанду дарк мекунанд, аммо аз сӯйи бархе ҳам мавриди тамасхур қарор мегирад.

Ситора мегӯяд, ба ин хотир ҳам баъзан мехоҳад мактабро тарк кунад, аммо бо хоҳиши модар, ки маълумот надорад ва мехоҳад зиндагии духтараш аз ӯ фарқ кунад, ҳар субҳ ҷузвдонро мегирад ва аз хонаи сард ва баъзан бо шиками нимгурусна роҳи мактабро пеш мегирад.

Саргардониҳову азият ин кӯдакро дар хурдӣ бузург кардааст. Вай мисли дигар ҳамсолони худ орзуи либосу ороиш ва телефону сайру тамошоро надорад. Як орзу дорад, ки сарпаноҳ ёбанд.

Салтанат Ятимова мегӯяд, қасами “занталоқ”-и шавҳараш зиндагии хубу ороми ӯро барҳам зад ба кӯи саргардонӣ бурд. “Занталоқ” аз ҷумлаи қасамҳоест, ки сокинон ба вижа мардон онро хеле ҷиддӣ мегиранд.

Аммо бархе аз созмонҳои кор бо занон мегӯянд, қасам бо талоқи зан, барои исботи бегуноҳӣ дар бархе мавридҳо дар воқеъ боис мешавад, то оилаҳо аз ҳам бипошанд ва занону фарзандон қурбонӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG