Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Челябинск


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек дар Челябински Русия боздошт ва ба идораҳои пулис бурда шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ сурат гирифтааст. Муҳоҷирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис аз онҳо санади иқомат ва иҷозаи кор талаб карданд.

Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик дар Челябинск, рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар идораи пулиси Курчатов буд ва дар онҷо шумораи зиёди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷику узбекро дидааст. Вай барои раҳо кардани бародарзодааш, ки низ рӯзи 18-уми январ дастгир шуд, ба онҷо рафтааст.

"Ҷиянамро аз ҷои кораш дар сохтмон бурдаанд. Вай худро дар як хона дар Челябинск сабтином карда, вале ҳамроҳи ҳамкоронаш дар ҷои дигар мезист. Баъди талошҳои мо, ду ҳазор рубл ҷарима карда, озод намуданд. Аммо як гуруҳи дигарро, ки муҳлати сабтиномашон гузашта будааст, аввал ҷарима ва сипас ихроҷ мекунанд", - афзуд мусоҳиби мо.

Боздошти дастҷамъии муҳоҷирон дар рӯзе сурат гирифтааст, ки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" фурӯравии як бахши бинои баландоёшна ва таркиши мусофирбар дар шаҳри Магнитогорскро кори дасти тарафдоронаш донист. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд мақомоти Русия ин фарзияро қабул надоранд, маъмурони милисаи вилояти Челябинск бо истифода аз фурсат муҳоҷиронро аз ғалбер мегузаронанд.

Муҳаммад ҳам мегӯяд, "рӯзи гузашта ҳамаи муҳоҷирон ба якдигар занг зада, аз "облава" хабардор карданд. Бисёриҳо ба ҷои кори худ нарафтанд. Азбаски маъмурони милиса баъзе хонаҳоро гашта, муҳоҷиронро мекофтанд, бисёриҳо шаби гузашта ором нахобиданд. Танҳо касоне ки шиносномаи русӣ доштанд, эмин монданд."

Дар ҳамин ҳол, масъули ҷамъияти тоҷикони Челябинск гуфт, дар бораи боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷрон касе ба онҳо шикоят накардааст. Аммо ӯ гуфт, "шояд мақомот барои тартибу низом санади муҳоҷиронро тафтиш мекунанд ва ҷои нигаронӣ нест."

Вилояти Челябинск, ки аз вилоятҳои саноатӣ ва аграрии Русия ба ҳисоб меравад, беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад ва бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ дар вилоят на камтар аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд.

XS
SM
MD
LG