Пайвандҳои дастрасӣ

Аз шеър то палав. Ҷои вохӯрии дӯстдорони осори Лоиқ. ВИДЕО


Моликони як ошхона дар шаҳри Душанбе мехоҳанд, ки ошиқони шеъри Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷикро ҳар рӯз сари суфра гирди ҳам биоранд. Онҳо ошеро бо номи Лоиқ таҳия кардаанд, ки ба қавли ошпаз ё таббохи он Далер Сафаров аз палавҳои маъмулӣ бо донаи анор маҳсулоти дигар фарқ мекунад. Ҳамчунин дар ошхона рафи китобҳои Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст.

"Дар инҷо палавро ба гунаи дигар мепазанд. Чун номи яке аз шоирони навгӯи тоҷикро ба он ниҳодаанд, мисли ашъораш фарқкунанда ва хушоянд хоҳад буд", - гуфт Далер Сафаров рӯзи 18-уми январ.

Аз ин қабл дар Душанбе макони тановули ғизоро ба номи шоирони муосир гузоштан маъмул набуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Ошхонаи Лоиқ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:10 0:00

Гулқиза, молики ошхона мегӯяд, дер боз шефтаи каломи Лоиқ Шералист ва хост, ки ин макони ғизохӯриро ба ҷои вохӯрӣ ва ё мулоқоти ошиқони шеъри ӯ табдил диҳад. "Пайваста осори ӯро мутолиа мекунам. Шеъраш мардумист ва худаш ҳам мардумӣ буд. Писарамро низ ба хотири ӯ Лоиқ ном гузоштаам", - афзуд ӯ.

Ошхонаро ҳам дар кӯчае боз карданд, ки номи Лоиқ Шералиро дорад. Моликони ошхона хостаанд, ки тарафдоронаш гӯшае барои ёд кардани ӯ ва қироати ашъораш дошта бошанд. Мухлисони шоир дӯст доранд, ки дар инҷо ҳам сари миз хӯрок бухӯранд ва ҳам аз ашъори ӯ лаззат бибаранд.

Мерган Ниёзов, сокини шаҳри Душанбе, бори дувум аст, ки бо дӯстонаш хӯроки нисфирӯзиро дар ин фазои адабӣ тановул мекунад. Мегӯяд, дар ин ошхона ҳузури шоирро эҳсос мекунад: "Гӯё мо ба хонаи худи устод Лоиқ меравем. Шунидани ин ном ба одам таъсири хуб мегузорад. Ҳамин аст яке аз эҳсосоте ки ман ва шояд аксари мизоҷон доранд.”

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки ба номи Лоқи Шералӣ гузоштани ошхона ба эҳтимоли зиёд ҳадафи тиҷоратӣ дорад. Онҳо бовар доранд, ки Лоиқ Шералӣ дар миёни мардуми одӣ аз маҳбубияти хос бархӯрдор буд ва зоҳиран моликони ошхона мехоҳанд сафи муштариёни худро аз ин ҳисоб бештар кунанд.

Лоиқ Шералӣ моҳи июни соли 2000, дар синни 59, дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дунё рафт. Баъди маргаш, “Куллиёт”-и Лоиқ соли 2003 дар Хуҷанд ва соли 2008 нашри комилтари ин “Куллиёт” дар як ҷилд дар нашриёти “Адиб”-и Душанбе чоп шуд.

Ӯ 20-уми майи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ибтидо омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва баъдан риштаи таъриху забону донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Лоиқ Шералӣ соли 1965, вақте 24 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG