Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА алайҳи ширкати чинии Huawei тафтиш оғоз кард


Huawei logo
Huawei logo

Додситонии федеролии ИМА бар зидди ширкати истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои мобилии "Huawei Technologies Co"-и Чин бо гумони дуздии сирри тиҷоратии шарикони амрикоӣ тафтиш оғоз кард.

Дар ин бор нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 16 январ хабар дод. Ба навиштаи нашрия, сухан аз боби дастгоҳест, ки "T-Mobile"-и Амрико барои санҷиши телефонҳои ҳушманд истифода мекард.

Хабаргузории Reuters менависад, аз эълони расмии иттиҳом алайҳи ширкати чинӣ бармеояд, ки барои боз кардани парванда аллакай маводи кофӣ ҷамъоварӣ шудааст. Вазорати адлияи ИМА ва Huawei хабари расонаҳоро шарҳ намедиҳанд.

Huawei - бузургтарин таъминкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои ҳамроҳ дар ҷаҳон аст. Пештар ИМА ин ширкатро ба рӯҳхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои Идораи истихборот ва Бюрои федеролии тафтишоти Амрико ворид кард ва ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз харидории телефонҳои ҳамроҳи Huawei худдорӣ кунанд. Дар Вашингтон бар ин боваранд, ки ин дастгоҳҳо иттилои дархури манфиатҳои молӣ ё низомии Пекинро ҷамъоварӣ мекунанд.

Австралия ва Зеландияи нав аз истифодаи таҷҳизоти Huawei даст кашиданд. Ҷопон низ хариди таҷҳизоти ширкатро барои идораҳои давлатиро манъ кард. Мақомоти Чех низ моҳи декабри соли гузашта ба далели амнияти киберӣ ба мақомоти маҳаллӣ ҳушдор доданд, ки аз дастгоҳҳои Huawei истифода накунанд.

Хадамоти махсуси Лаҳистон ҳафтаи гузашта ду нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо истихбороти Чин боздошт кард. Яке аз онҳо мудири савдои ширкати Huawei дар Лаҳистон аст.

XS
SM
MD
LG