Дар Узбекистон аз 14-уми январи имсол шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Вконтакте ва саҳифаи YouTube дубора дастрас шуданд. Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, то ҳол воридшавӣ ба шабакаҳои мазкур танҳо бо VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) имконпазир буд.
Тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Узбекистон низ тасдиқ карданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар бидуни филтршиканҳо дубора дастрас шудаанд.
Дастрасӣ ба Facebook дар Узбекистон моҳи сентябри соли гузашта маҳдуд шуда буд. Дертар YouTube низ дастнорас шуд.
Қарор аст, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-22-юми январ аз Олмон дидан кунад. Бархе корбарони узбек мегӯянд, дастрас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар рабт доранд.