Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Бо Эрдуғон дар бораи мубориза бо ДИИШ ва минтақаи амн сӯҳбат кардам"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 14-уми январ изҳор дошт, ки дар гуфтугӯи телефонии худ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар бораи мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва эҷоди минтақаи амн дар Сурия, сӯҳбат кардааст.

Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишт, "бо раиси ҷумҳури Туркия Эрдуғон гуфтугӯ кардам, то дар бораи мавзеи худ дар хусуси ҳама масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла муваффақиятҳои ду ҳафтаи ахир дар мубориза бо боқимондаҳои ДИИШ ва эҷоди минтақаи амн, машваратҳое дошта бошем". Раиси ҷумҳури Амрико дар идома навиштааст, "ҳамчунин дар мавриди рушди робитаҳои иқтисодӣ байни Амрико ва Туркия, сӯҳбат кардем".

Трамп нагуфт, чигуна иқтисоди Туркиро "вайрон" мекунад

Вазъияти ниманизомиёни курд ва Гурӯҳи мудофеони халқ дар минтақаи шимоли Сурия, нуқтаи ихтилофии Туркия ва Амрикост.

Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп рӯзи гузашта дар "Твиттер"-и худ ҳушдор дод, ки агар Туркия ба ниманизомиёни курди муттаҳиди эътилоф ба раҳбарии Вашингтон ҳамла кунад, Амрико иқтисоди Туркияро "вайрон" хоҳад кард. Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Амрико мушаххас накард, ки чигуна иқтисоди Туркия "вайрон" хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар Арабистони Саудӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи манзури Трамп аз "вайронии иқтисод" дар Туркия, гуфт, "беҳтар аст аз худи раиси ҷумҳур бипурсед".

Курдҳо -- мавзеи баҳси Амрико ва Туркия

Доналд Трамп дар моҳи декабр тасмими худ барои берун кардани ду ҳазор сарбози амрикоӣ аз Сурияро эълон кард. Нерӯҳои артиши Амрико дар соли 2015 барои мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба Сурия фиристода шуданд.

Онҳо дар Сурия нерӯҳои Гурӯҳи мудофеи халқро, ки аз нерӯҳои демократии Сурия ташкил ёфтааст, омӯзиш доданд ва кӯмакҳои низомӣ намуданд. Нерӯҳои курд тавонистанд ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аз бахшҳои васеъ дар шимоли Сурия берун биронанд.

Курдҳо дар шимоли Сурия аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд.
Курдҳо дар шимоли Сурия аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд.

Вазъияти ниманизомиёни курд ва Гурӯҳи мудофеони халқ дар минтақаи шимоли Сурия, нуқтаи ихтилофии Туркия ва Амрикост. Анқара ниманизомиёни курдро, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд, шохае аз Ҳизби коргарони Курдистони Туркия медонад ва онро гурӯҳи террористӣ эълон кардааст.

Дар ҳамин замина, Иброҳим Қолин, сухангӯи раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи душанбе дар посух ба Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишта буд, "байни ДИИШ, Ҳизби коргарони Курдистон ва Гурӯҳи мудофеони халқ ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад. Мо ба набарди худ бо ҳамаи онҳо идома хоҳем дод.

Минтақаи амн дар шимоли Сурия

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсати ҷумҳури Туркия эълом кардааст, "Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Доналд Трамп дар бораи эҷоди як минтақаи амн дар шимоли Сурия, ки нерӯҳои ниманизомӣ дар он ҳузур надошта бошанд, сӯҳбат карданд".

Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия шарҳи бештари дар бораи ин минтақаи амн ироа накардааст. Ин дар ҳоле аст, ки Майк Помпео гуфтааст, эҷоди минтақаи амн барои ин аст, касоне, ки бо ДИИШ мубориза мекунанд, амният дошта бошанд ва аз Сурия ба Туркия ҳамла нашавад.

XS
SM
MD
LG