Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: "Болтон аз Пентагон хост, гузинаҳои ҳамла ба Эронро пешниҳод кунад"


Рӯзномаи Wall Street Journal рӯзи якшанбеи 13-уми январ навишт, пас аз он, ки дар моҳи сенябри гузашта мушакҳои гурӯҳҳои ҳампаймони Эрон ба наздикии сафоратхонаи ИМА дар Бағдод бархӯрд, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед аз вазорати дифои Амрико хост, то гузинаҳои ҳамлаи низомӣ ба Эронро ба Кохи Сафед пешниҳод кунад.

Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, мушакҳои партобшуда талафоте дар пай надошт, аммо занги хатари бесобиқаеро дар доираҳои давлатӣ дар Вашингтон ба садо даровард ва тими амнияти миллии ҳукумати Трампро водошт чанд нишаст дар мавриди "як посухи қавӣ" аз сӯи Амрико, баргузор кунад.

Ҷон Болтон ба унвони масъули Шӯрои амнияти миллӣ вазифа дорад, то ба раиси ҷумҳури Амрико тавсияҳои низомӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ ироа кунад.

Гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Ироқ дар моҳи сентябри соли гузашта чандин мушаки "Катюша" ба минтақаи дипломатнишини Бағдод ва ҳамчунин консулгарии Амрико дар Басра партоб карданд. Ин ҳамлаҳо аммо талафоте дар пай надошт.

Дар он замон Амрико эълом кард, ки ба хотири таҳдидоти амниятӣ аз ҷониби Эрон ва гурӯҳҳои таҳти ҳимояти он, фаъолияти консулгарии худро дар шаҳри Басра ба таври муваққатӣ қатъ хоҳад кард ва дипломатҳояшро аз Басра хориҷ хоҳад намуд.

Ҳезер Нойерт, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар пайи ин ҳодиса гуфт, "дидем" ки мушакҳои Катюша ба марказҳо дар Басра партоб шуд ва ҳамин ҳодиса барои сафоратамон дар Бағдод ҳам рух додааст". Вай ҳушдор дод, "возеҳ бигӯям, агар ҳар шаҳрванди амрикоӣ ҷонашро дар ин байн аз даст бидиҳад, мо онҳоро (Эрон) масъул хоҳем шинохт."

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико.
Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико.

Акнун Wall Street Journal менависад, ки дар ҳамон рӯзҳо тими амнияти миллии Амрико ба раҳбарии Ҷон Болтон аз Пентагон хост, то гузинаҳои ҳамлаи низомӣ ба Эронро ба Кохи Сафед гузориш бидиҳад. Wall Street Journal аз қавли мақомҳои феълӣ ва қаблии амрикоӣ меафзояд, ки ин дархост дар вазоратҳои дифоъ ва хориҷии Амрико нигарониҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, аммо ин дархости тими Болтон пеш аз ин то ба ҳол расонаӣ нашуда буд.

Як мақоми пешини ҳукумати Амрико ба ин рӯзнома гуфтааст, ки ин дархост "қатъан барои афрод такондиҳанда буд. Ҳама ҳайратзада шуда буданд ва воқеан ҳайратовар буд, ки онҳо ба чӣ осонӣ дар мавриди ҳамлаи низомӣ ба Эрон ҳарф мезананд."

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи пешини дар ҳукумати Амрико, вазорати дифои он кишвар гузинаҳои дархостшударо ба Шӯрои амнияти миллӣ супурд, аммо мушаххас нест, ки онҳо ин пешниҳодҳоро ба Кохи Сафед ва шахси раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд ё на.

Ӯ таъкид мекунад, мушаххас нест, ки оё Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шахсан дар ҷараёни ин дархост будааст ва оё тарҳҳои ҷиддӣ барои ҳамла ба Эрон дар он рӯзҳо шакл гирифтааст ё на.

"Минтақаи сабз"-и Бағдод, ки сафорати Амрико дар он ҷойгир аст. Акс аз бойгонӣ.
"Минтақаи сабз"-и Бағдод, ки сафорати Амрико дар он ҷойгир аст. Акс аз бойгонӣ.

Ба навиштаи Wall Street Journal, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфтааст, ки ин шӯро ҳамчунон дар ҳоли баррасии вазъияти дипломатҳои амрикоӣ пас аз ҳамлаҳои ёдшуда дар Бағдод ва Басра аст.

Ҷон Болтон ба унвони мушовири амнияти миллӣ вазифа дорад, то ба раиси ҷумҳури Амрико тавсияҳои низомӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ ироа кунад. Оқои Болтон дар соли 2015 низ дар ёддоште барои рӯзномаи Ню-Йорк Таймс, хостори ҳамла ба пойгоҳҳои ҳастаии Эрон шуда буд ва дар соли 2016 низ бо он, ки эҳтимол мерафт вазири умури хориҷӣ шавад, аз тағйири режим дар Эрон сухан гуфта буд.

Ҷон Болтон пас аз он, ки дар моҳи марти соли гузашта аз сӯи Доналд Трамп мушовири амнияти миллии Кохи Сафед интихоб шуд, дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ABC гуфт, ки масъалаи тағйири режим дар Эрон, дар ҳоли ҳозир дар "дастури кор"-и ҳукумати Доналд Трамп қарор надорад.

XS
SM
MD
LG