Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки мумкин аст, таваққуфи кори қисме аз ҳукумат ҳамчунон идома ёбад ва вакилони Ҳизби демократро гунаҳкори ин вазъ номид.
Дар таърихи Амрико то кунун дида нашудааст, ки таваққуф дар кори ниҳодҳои давлатӣ ба ин ҳад тӯл кашида бошад. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар Твиттер навишт, “то замоне, ки демократҳо аз “таътил” барнагарданд ва ба кор оғоз накунанд, таваққуф идома меёбад.”
Қарор аст, вакилони порлумони Амрико ҳамин ҳафта ба кор баргарданд. Таваққуфи 21 рӯза дар кори ҳукумат, бузургтарин таваққуф ба ҳисоб меравад, чун дар аҳди Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар солҳои 90-ум дарозтарин таваққуф 19 рӯз буд.
Ба сабаби ба мувофиқа нарасидани ҳукумати Доналд Трамп бо Маҷлиси намояндагон бар сари тарҳи буҷа, 800 ҳазор корманди ниҳодҳои давлатиро ба рухсатӣ фиристодаанд. Демократҳо мегӯяд, таваққуф дар кори ҳукумат ба сабаби амалкардҳои эҳсосотии Доналд Трамп аст, ки тарҳи буҷаро имзо намекунад.
Доналд Трамп мегӯяд, то замоне, ки дар тарҳи буҷа бештар аз 5 миллиард доллар барои сохтани девор дар марз бо Мексика ҷудо нашавад, тарҳро имзо намекунад.
Трамп мегӯяд, ки ин девори ваъдагии ӯ дар замони интихобот барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба қочоқи маводи мухаддир ба Амрико зарур аст.