Ба иттилои хабаргузории давлатии Туркманистон кайҳоннаварди рус Олег Кононенко мардум ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо Соли нав табрик кардааст.
Дар аксе, ки телевизион ҳамроҳ бо хабари мазкур нашр кард, кайҳоннавард бо парчам ва акси китобе инъикос шудааст, ки онро Бердимуҳаммадов навиштааст. Аммо мутахассисон мегӯянд, ин акси дасткоришуда ё фотошоп аст.
Хабари табрикоти Олег Кононенковро шабакаҳои телевизионии Туркманистон 31 декабр нашр карданд.
"Бо табрики пешвои миллии мо ва халқи туркман кайҳоннавард гуфт, барояш ифтихори бузург аст, ки парчам ва китоби Бердимуҳаммадовро аз кайҳон намоиш диҳад", - хабар доданд телевизионҳои Туркманистон.
Мутахассисон гуфтанд акси кайҳоннавард тавассути барномаи Adobe Photoshop CS6 дасткорӣ шудааст.
Телевизиони "Мир 24" навори табрикоти солинавии кайҳоннавард Олег Кононенковро ба мардуми дунё, нишон дод. Вале дар ин навор табрикоти кайҳонавард ба мардум ва президенти Туркманистон садо намедиҳад.