Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Беш аз 20 сарбози Афғонистон дар наздикии марзи Туркманистон кушта шуд

Марзи Туркманистон бо Афғонистон.

Ба иттилои манобеи расмӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ба дидбонгоҳҳои амниятӣ дар ғарби Афғонистон ҳамла ва 21 корманди пулисро куштаанд.

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, ҳамла шаби 6 январ дар ду дидбонгоҳи мухталифи вилояти Бодғис сурат гирифт, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст.

Абдулазиз Бақо, раиси шӯрои вилояти Бодғис гуфт, 21 корманди пулис кушта ва 9 тани дигар маҷруҳ шуд.

Ҳамзамон дар ин ҳамла 15 тан аз ҷангҷӯёни толиб кушта ва 10 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ҳамин ҳол Қори Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи толибҳо иддао кард, ки ҷангҷӯён 34 тан аз кормандони мақомоти амниятиро кушта ва аслиҳаи зиёдеро бо худ бурдаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сафари Попи Рум ба Ироқ ба анҷом расид

Поп Франсис бо ҳамроҳии раҳбари католикҳои Мосул Наҷиб Михаел Мӯсо аз назди як калисои харобшуда убур мекунанд

Боздиди таърихии раҳбари католикҳои ҷаҳон аз Ироқ рӯзи 8-уми март ба анҷом расид. Дар чор рӯзи гузашта Поп Франсис дар баробари мулоқот бо раҳбарони ҷомеаву раҳбарони масеҳиёну мусалмонони кишвари ҷангзадаи Ироқ, инчунин дар як маросими намозгузорӣ ба хатми ҷангу хушунат даъват кард. Попи 84-соларо то ҳавопаймояш дар фурудгоҳи Бағдод президенти Ироқ Баҳром Солеҳ ҳамроҳӣ кард. Попи Рум дар ин сафар аз чор шаҳр, аз ҷумла Мосул дидан кард, ки чанд сол пеш пойгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд. Ӯ дар сӯҳбатҳояш таъкид кард, ки “сулҳ қавитар аз ҷанг аст”. Ӯ гуфт, Ироқ “ҳамеша бо ман ва дар дили ман хоҳад буд”. Дар як мулоқоти таърихии дигараш Попи Рум бо раҳбари шиаён Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ мулоқот намуд.

Пеш аз сафари рӯҳонии мӯътабари католик нигарониҳо аз паҳншавии коронавирус дар миёни издиҳоми мардум, ки ба пешвози ӯ баромаданд, садо дод. Дар Ироқ мизони олудагӣ ба COVID-19 баланд гуфта мешавад. Худи Поп ва ҳайати ҳамроҳонаш пеш аз сафар эм карда шуданд.

Дар Тоҷикистон зане бо гумони куштори кӯдаки наврас ҷустуҷӯ мешавад

Декабри соли 2020 ин зани тоҷик барои куштори фарзандон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд


Мақомоти интизомии Душанбе як зани 53-солаи пойтахтро ҷустуҷӯ доранд, ки дар куштори писарбачаи 7-сола муттаҳам аст. Қатли хонандаи синфи якум 5-уми март ба амал омадааст. Дар ин ҷиноят ҳамсари амаки падари кӯдак гумонбар мешавад, ки гуё писарбачаро баъди мактаб ба хонааш даъват карда, баъди даҳ дақиқа аз манзилаш берун рафтаву ғайб задааст. Ин лаҳзаро камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд. Ҷасади псирабачаро дар манзил шавҳараш пайдо кардааст. Ҷузъиёти ҳодиса маълум нест, вале тахмин мешавад, ки эҳтимолан ин зан бемории руҳӣ дорад.

Ситод ба мақомоти тоҷик: ба эмкунии аҳолӣ зидди COVID омода шавед

Интизор меравад, ки дар доираи кӯмаки барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон воксинаҳои сохтаи ширкати AstraZeneca оварда мешавад

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ба вазоратхонаҳо дастур додааст, ки барои эмкунии аҳолӣ омодагӣ бигиранд. Бар асоси қарори ситод, вазорати тандурустӣ муввазаф шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рӯи синну сол бо назардошти марҳилаҳои дуюм ва сеюми эмгузаронӣ анҷом диҳад ва ба зудӣ барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Ситод ҳамчунин вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф кардааст, ки тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба ҷилавгирӣ аз коронавирус ва моҳияти эмкунӣ барпо диҳанд. Ин қарор дар ҳолест, ки бояд моҳи ҷорӣ тибқи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ садҳо ҳазор дона ваксинаи AstraZeneca ба Тоҷикисион оварда шавад. Мақомот гуфтанд, ки дар навбати аввал қишри осебпазири аҳолӣ, яъне пиронсолон ва ҳам кормандони ҷабҳаи аввал, мисли кормандони тиб эм карда мешаванд.

Бензин гарон шуд, арзиши роҳкиро ҳам дар Хуҷанд боло рафт

6-уми январи соли 2021, яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд

Болоравии нархи маводи сӯхт, арзиши роҳкирои микроавтобусҳои мусофирбар дар шаҳри Хуҷандро афзоиш додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллии вилояти Суғд, шурӯъ аз 4-уми март нархи роҳкиро дар дохили Хуҷанд ба ҷои 1 сомониву 30 дирами қаблӣ, 1 сомониву 50 дирам муқаррар гардидааст. Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд, тағйирот дар нархро ба гарон шудани бензину гази моеъ ва қисмҳои эҳтиётӣ рабт додааст. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд микроавтобусҳои 5 ширкати нақлиётӣ ба интиқоли мусофирон машғуланд. Нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз марзи 8 сомонӣ гузаштааст. Ду ҳафта пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди 7 сомониву 20 дирам буд. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол дувоздаҳ дарсад гарон шудааст.

Вақте парвозҳо барқарор шуд. Эҳтимоли афзоиши як хатсайри дигар бо Русия

Фурудгоҳи Екатеринбург. Мусофирон интизори парвоз ба Тошканд ҳастанд

Дар сурати барқарор шудани паврозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, як хатсайри дигар ташкил мегардад. Хабаргузориҳои минтақавӣ аз қавли маъмурияти фурудгоҳи «Платов» дар бораи роҳандозии парвози мустақим миёни шаҳрҳои Ростови лаби Дон ба Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар менависанд. Санаи эҳтимолӣ, 29-уми марти имсол ном бурда шудааст. Аммо вобаста ба вазъияти эпидемиологӣ ва тасмими Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия, шояд аввалин парвозҳо дертар анҷом дода шаванд. Интизор меравад, парвозҳоро байни Тоҷикистону Русия ширкати «Уралские авиалинии» анҷом бидиҳад.

Мардуми Швейдсария зидди бурқапӯшии занон раъй доданд

Мардуми Швейдсия рӯзи якшанбеи 7-уми март дар як раъйпурсӣ барои пуштибонӣ ё мухолифат бо тарҳи мамнуияти пушидани чеҳраи занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ширкат карданд. Тибқи иттилои расмӣ 51,2 дарсад ё 1,420,000 раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз манъи пушидани бурқа ва 50,8 ё 1,360,000 тани дигар ба пуштибонӣ аз бурқашӯшии занон раъй доданд. Ин тарҳ барои табдил шудан ба қонун, бояд дар Маҷлиси он кишвар тасдиқ шавад.

Қаблан бархе кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса, Белгия, Дания ва Булғористон ба манъи пушидани бурқа ё ниқоб раъй дода буданд. Аммо хабаргузории "Франс-пресс" гузориш дод, ки истифода аз бурқа дар Швейдсария як кори бисёр нодир аст ва мухолифони ин тарҳ, аз ҷумла ҳукумати Швейдсария низ қаблан гуфта буданд, дар асл чунин мушкиле дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Корзори мувофиқони ин тарҳ бо шиори "Исломи радикалро мутаваққиф кунед" талош дорад бурқа дар Швейдсария манъ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ин тарҳ бо таваҷҷуҳ ба шумораи бисёр ками занони бурқапӯш, кори бефоида ва навъе исломҳаросӣ аст.

Дар сурати табдил шудани ин тарҳ ба қонун, занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба ғайр аз ибодатгоҳҳо, ҳаққи пӯшидани чеҳраи худро нахоҳанд дошт.

Хонум Ийнос Аш-Шайх, сухангӯи занони мусалмони феминист дар Швейдсария, ки худ аз ҳиҷоб истифода намекунад, гуфтааст, тарҳи ёдшуда на танҳо фоида надорад, балки навъе нажодпарастӣ аст ва танҳо 30 зан дар кишвар аз бурқа истифода мекунад.

Бар асоси оморҳои расмӣ, 5,5 дарсади аҳолии Швейдсария мусалмон ҳастанд, ки асосан аз Югославияи пешин ба ин кишвар омадаанд.

Қоидаи нави ҷалби муҳоҷирони корӣ ба вилояти Маскав

Минбаъд ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилояти Маскав тибқи тартиби нав сурат мегирад. Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав дар сомонаи худ навиштааст, ширкатҳое, ки ба нерӯи кории муҳоҷирон ниёз доранд, бояд худашон интиқоли коргарони хориҷӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳову бастани шартномаи меҳнатӣ, ташкили ҷойи хобу хӯрок ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву эпедмиологӣ дар ҳудуди Русияро таъмин намоянд. Қойидаи нав аз сӯи Вазорати меҳнати Русия тартиб дода шудаст. Бинобар пандемеияи COVID-19, ки камбуди коргаронро ба вуҷуд овардааст, танҳо ба вилояти Маскав ҷалби даҳ ҳазор муҳоҷир дар сохтмонҳо ва бахши коммуналӣ дар назар аст. Бинобар як соли охир баста будани марзҳо, танҳо бархе ширкатҳои сохтмонӣ дар чанд моҳи ахир бар пояи созишномаҳои дуҷониба шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Русия интиқол дода тавонистанд.

Марди тоҷик барои таҷовуз ва марги кӯдаки 11-сола ба ҳабси абад маҳкум шуд

Роҳи мошингарде дар Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон, як сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдатро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зафар Раҷабов ба таҷовуз ва куштори духтари 11-сола гунаҳгор дониста шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, маҳкумшуда 25-уми августи соли гузашта бо истифода аз танҳо гаштугузор кардани Зулола Сафароваи хурдсол дар маҳаллаи 9-ум километри Душанбе, ӯро ба хилватгоҳи истгоҳи роҳи Душанбе-Ваҳдат бурда, лату кӯб ва таҷовуз намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа духтари хурдсол аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст. Моҳи гузашта Кумитаи кор бо занон гуфт, дар як соли ахир дар кишвар дасти кам 9 ноболиғ қурбони таҷовуз ба номус шудааст. Чанде пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти тоҷик хостанд, ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд.

UNICEF: Пандемияи коронавирус духтаронро бо хатари издивоҷҳои бармаҳал рӯбарӯ мекунад

UNICEF акси домоди пиру арӯси 11-сола аз Афғонистонро соли 2008 ҳамчун акси сол нашр кардааст

Бунёди кӯдакони СММ UNICEF мегӯяд, мушкилиҳое, ки дар даврони пандемияи коронавирус зуҳур намудаанд, эҳтимол боиси издивоҷи даҳ миллион кӯдакон дар даҳ соли оянда гардад. Дар гузориши ЮНИСЕФ, ки дар арафаи 8-уми март - Рӯзи байналмилалии занон нашр шуд, гуфта мешавад, ки баста будани дари мактабҳо, фишори иқтисодӣ, қатъи хадамот, марги волидон аз коронавирус духтаронро дар ҳолати заъфи бештар қарор медиҳад ва хатари он вуҷуд дорад, ки як бахше аз ин духтарҳо дар давраи кӯдакӣ издивоҷ кунанд.

Муаллифон навиштаанд, оилаҳое, ки дар вазъи ногувори иқтисодӣ қарор доранд, шояд кӯшиш кунанд, ки бо ҳадафи коҳиши фишор духтарони наврасро ба шавҳар бидиҳанд.

Оҷонсии дорувории Аврупо истифодаи Sputnik-V-ро феълан машварат намедиҳад

Чанд кишвари аврупоӣ, мисли Венгрия, бар асоси созиши дуҷониба бо Русия, ба кишвар воксинаи Sputnik-V-ро ворид карда, барои эмкунӣ ба аҳолии маҳаллӣ пешниҳод мекунанд

Як мақоми баландпояи Оҷонсии дорувоии Аврупо аъзои Иттиҳоди Аврупоро ҳушдор дод, ки то замони аз ҷониби ин сохтор санҷида шудани воксинаи русии Sputnik V, ки барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 сохта шудааст, аз тасдиқу истифодаи он дар сатҳи кишварҳои ҷудогона худдорӣ кунанд.

Христа Виртумер-Хох, раҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо дар сӯҳбат бо як расонаи Австрия гуфт, ҳанӯз дар бораи таъсири ин воксина ба организми инсон иттилои кофӣ вуҷуд надорад. Ӯ гуфт: “Аз ҳамин хотир мо ба таври оҷил ба кишварҳо машварат медиҳем, ки истифодаи онро феълан иҷоза надиҳанд”. Ӯ афзуд, ки баъди дастрасӣ ба иттилои дақиқ дар бораи таъсири воксинаи Sputnik V, он метавонад ҳақи дар бозори аврупоӣ истифода шуданро ба даст оварад. Ӯ гуфт, ки санҷиши ин воксина аз 4-уми март шурӯъ шудааст.

Ҳусиҳои Яман ба Арабистони Саудӣ чанд мушак партоб карданд

Акс аз бойгонӣ.

Нерӯҳои ҳусӣ дар Яман шоми якшанбеи 7-уми март бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушак ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудиро ҳамла карданд. Риёз ин амали гурӯҳи Ҳусиҳоро боиси бесуботӣ дар бозори ҷаҳонии энержӣ хондааст.

Ҳусиҳо ҳамчунин дар ин рӯз эълом карданд, ки пойгоҳҳои низомии Арабистони Саудӣ дар шаҳрҳои Ад-Димом, Усайр ва Ҷозон ни ҳадафи ҳамлаҳои онҳо қарор гирифтааст.

Вазорати энержии Саудӣ ҳам ҳамла ба Раъс Танура -- яке аз таъсисоти нафтии худро таъйид кард, аммо гуфт, ки он талафот ё хисороте надоштааст. Раъс Танура минтақае аст, ки бузургтарин таъсисоти нафтии ҷаҳон дар он воқеъ аст ва аз ин рӯ халал дар кори он метавонад таъсири иқтисодии ҷиддӣ дошта бошад.

Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Ҳусиҳо рӯзи якшанбе гуфт, ки гурӯҳ бо 14 дрон ё ҳавопаймои бидуни сарнишин ва 8 мушак "даст ба амалиёти густурда дар қалби Арабистони Саудӣ" зад.

ИМА Русияро ба пахши маълумоти дурӯғ дар бораи ваксинаҳои ғарбӣ муттаҳам кард

Амрико ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии Русияро муттаҳам кард, ки бо пахши маълумоти нодуруст дар бораи ваксинаҳои ғарбии зидди коронавирус, талош мекунад бовари ҷаҳониро ба ин ваксинаҳо камранг ва заъиф кунад.

Wall Street Journal рӯзи якшанбеи 7-уми март ба нақл аз яке аз ниҳодҳои зертобеи Вазорати умури хориҷии Амрико гузориш дод, чаҳор вебсайти вобаста ба Хадамоти федеролии амнияти Русия мақолаҳое нашр кардаанд, ки таъсири ваксинаи кишварҳои ғарбӣ зидди коронавирусро зери суол мебарад. Ба навиштаи манбаъ, дар ин мақолаҳо маълумоти дурӯғ дар бораи ин ваксинаҳо нашр шудааст.

Ваксинаҳои ғарбӣ танҳо пас аз озмоишҳои сахт таъйид шуд, ки собит мекунад таъсир ё короии онҳо беш аз 60 дарсад ва ду маврид низ болои 90 дарсад аст. Дар ин ҳол рақобате миёни ваксинаҳои ғарбӣ ва ваксина ирусии "Спутник V " сохти Русия вуҷуд дорад, ки озмоишҳои ахир нишон дод, ки короии он ҳам беш аз 90 дарсад аст.

Мақоми панҷуми Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудо дар Тошканд 

Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик. Акс аз соли 2018

Мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон бо ҳузури тамошобинон баргузор шуд, шоми якшанбе ба поён расид.

Дар рӯзи охирини рақобатҳо шаш нафар варзишгарони тоҷик дар вазнҳои сангин қувваозмоӣ карданд. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯдар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб кард.

Темур ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд ва нахуст бар Ричард Сипотс (Маҷористон) ғолиб омад. Дар даври баъдӣ бар Адам Окруашвили (Гурҷистон) дастболо шуд. Аммо дар чорякфинал аз Кокоро Кагеура (Ҷопон) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мартти Пуумалаиненро аз Финляндия мағлуб кард. Темури 23-сола барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Эрик Абрамови 21-сола аз Олмон вориди рақобат шуд. Паҳлавони ҷавони олмонӣ дар ҷараёни 3 дақиқаю 02 сония ду “ваза-ари” ба даст овард ва бо баҳогузории “иппон” ғолиб гашт.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Лорензо Ригано (Италия) ғалаба кард. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар рӯзи охирини мусобиқа дар сабқати мардон боз чор варзишгари тоҷик рақобат карда, дар даври муқаддамотӣ ноком шуданд. Амирҷони Насимҷон дар вазни то 90 кило аз Теодорос Тселидис (Юнон), Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило аз Матиас Мадсен (Дания), Мансур Раҳмон низ дар вазни то 100 кило аз Рамазон Дарвеш (Миср) ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило аз Еней Маринич (Словения) шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо Tashkent Grand Slam 2021”, ки 5-уми март доир шуд, аз байни чаҳор варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров натиҷаи хубтар нишон дод ва дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб кард.

Ӯ ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд ва нахуст бар Янислав Герчев (Булғористон) пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Артём Колосовро аз Беларус шикаст дод. Сипас аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашт. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) дастболо шуд.

Шаҳбоз барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоев аз Узбекистон рақобат кард. Довар дар ҷараёни 7 дақиқаю 35 сония ба паҳлавони тоҷик се “шидо” дод ва рақибаш ғолиб дониста шуд.

Рӯзи 5-уми март се паҳлавони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуд. Абумуслим Қаюмзода қувваозмоиро дар вазни то 60 кило ба Солиҳ Йилдиз (Туркия) бохт. Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило аз Дмитрий Минков (Беларус) мағлуб шуд. Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон Баҳром Сӯфиев аз Натон Бурнс (Ирландия) шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа низ чаҳор намояндаи Тоҷикистон вориди рақобат шуданд. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Евгений Прокопчук (Русия) шикаст хӯрд.

Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Георгий Шерзадашвили (Гурҷистон) ғолиб омад. Ӯ дар даври баъдӣ Марсел Серсеаро аз Руминия мағлуб кард. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври севум қувваозмоиро ба рақиби пуртаҷрибаву номдораш, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 Таканори Нагасе аз Ҷопон бохт.

Гуштигири дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз Дидор Ҳамза (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Дар сабқати занон ягона намояндаи Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова- дар вазни то 63 кило, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ кард, аз Ҳи Ҷу Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард ва як зан) шомил буд. Ҳамин тариқ, беҳтарин натиҷаи варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ду ҷойи панҷум аст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дошт.

Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи Grand Slam, ки бори аввал дар Тошканд доир гардид, барои ширкат ва пирӯзиҳои ба даст овардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойи севум 500 имтиёз дода шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ба ҷуз аз медал, ҷоизаи молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Муғулистон бо касби 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми севумро соҳиб шуданд.

Мунтахаби Узбекистон – мизбони мусобиқа - бо касби 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ соҳиби мақоми шашум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду ҷойи панҷум дар байни 71 кишвар дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021:

Мардон

-60 кг
1. НАГАЯМА Рҷую (Ҷопон)
2. СМЕТОВ Йелдос (Қазоқистон)
3. МХЕИДЗЕ Лука (Фаронса)
3. НУРИЛЛАЕВ Комрон (Узбекистон)

-66 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)
3. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
3. НУРИЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)

-73 кг
1. ТСЕНД-ОЧИР Тсоргтбаатар (Муғулистон)
2. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
3. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)
3. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)

-81 кг
1. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
2. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбекистон)
3. ЧУЧИ Сами (Белгия)
3. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)

-90 кг
1. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)
2. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)

-100 кг
1. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
2. ГЕОРГИЕВ Борис (Булғористон)
3. БАТХУЯГ Гончигсурен (Муғулистон)
3. ТУРУБОЕВ Музаффарбек (Узбекистон)

+100 кг
1. КАГУЕРА Кокоро (Ҷопон)
2. КИМ Сунгмин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБРАМОВ Эрик (Олмон)
3. КИМ Минйонг (Кореяи Ҷанубӣ)


Занон

-48 кг
1. МУНҲБАТ Урансесег (Муғулистон)
2. ТСУНОДА Натсуми (Ҷопон)
3. НИКОЛИЧ Милиша (Сербия)
3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия)

-52 кг
1. АБЕ Ута (Ҷопон)
2. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон)
3. ҶЕОНГ Бокйеонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. КОЧЕР Фабенн (Швейтсария)

-57 кг
1. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
2. ЛЕН Чен-Линг (Тайбэйи Чин)
3. ПЕРЕСИЧ Мариша (Сербия)
3. ШТОЛ Тереза (Олмон)

-63 кг
1. ТАШИРУ Мику (Ҷопон)
2. ЛЕСКИ Андрея (Словения)
3. БАРРИОС Анрикелис (Венесуэла)
3. ЛИВЕСЕЙ Ами (Британияи Кабир)

-70 кг
1. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
2. МАТИЧ Барбара (Хорватия)
3. МАТНИЁЗОВА Гулноза (Узбекистон)
3. РОДРИГЕЗ Элвисмар (Венесуэла)

-78 кг
1. УМЕКИ Мами (Ҷопон)
2. ПРОДАН Карла (Хорватия)
3. ЛИНАР Инбар (Исроил)
3. ЛИИ Йонгюн (Кореяи Ҷанубӣ)

+78 кг
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. СУЗА Беатрис (Бразилия)
3. ЧЕЙХ РУҲУ Ниҳел (Тунис)
3. КИМ Ҳаюн (Кореяи Ҷанубӣ)

Президенти Эрон шарт барои бозгашт ба созиши ҳастаиро эълон кард

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон

Президенти Эрон гуфт, дар сурате, ки ИМА таҳримҳояшро алайҳи ин кишвар бекор кунад, ба созиши ҳастаӣ бармегарданд.

Ҷо Байден, президенти ИМА гуфта буд, ки дар сурати риояи созиши ҳастаӣ аз ҷониби Эрон Амрико дубора ба ин созиш бархоҳад гашт.

Раҳбарони ду кишвар дар изҳоротҳояшон барои гузоштани қадами аввал ҳамдигарро масъул медонанд, вале ҳеҷ ҷониб ҳанӯз ба амал нагузаштааст.

Рӯҳонӣ ҳам ин ҳарфҳоро дар ҳоле гуфт, ки вазири корҳои хориҷии Ирландия Саймон Ковен барои эҳёи дубораи созиши ҳастаӣ аз ҷониби Созмони милла масъул дониста шудааст.

Ирландия узви ин созиш нест, вале нақши мусоидаткунанда дар иҷрои созишномаи ҳастаиро дорад.

Президенти Эрон аз Бритониё, Фаронса ва Олмон, ки ҷониби созишномаи ҳастаӣ ҳастанд, барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон танқид кард.

Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп кишварашро якҷониба аз созишномае, ки ҳадафи маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон дар ивази сабукӣ аз таҳримҳоро дошт, берун кард.

Созишномаи ҳастаӣ миёни ИМА, Фаронса, Олмон ва Бритониё соли 2015 баста шуд, вале Амрико соли 2018 аз он берун шуд.

Попи Рум дар Мосули Ироқ дуо кард

Попи Рум дар Ироқ

Франсиск, попи Рум дар назди калисои қадимае дар Мосули Ироқ барои қурбониёне, ки дар ҷанги бо ДОИШ кушта шудаанд, дуо кард.

Мосул се сол пеш аз дасти ҷангиёни ДОИШ озод шуда буд. Дар ин шаҳр масеҳиёни зиёде зиндагӣ мекарданд, вале гуруҳи тундрави ДОИШ ибодатгоҳи онҳоро хароб ва даҳҳо нафарашонро қатл кард. Ҳазорон масеҳии дигар аз Ироқ ба дигар кишварҳо фирор карданд.

Попи Рум, ки ба Ироқ сафар кард, субҳи 7-уми март бо масеҳиён дар саҳни як ибодатгоҳи харобшуда дар вилояти Найнаво мулоқот кард.

Ӯ аз масеҳиён хост, ки дар ватни худ бимонанд, чунки берун шудани онҳо аз ватан бар зиёнашон аст.

“Барои Ватикан ҳузури доимии масеҳиён дар Ироқ муҳим аст”,-гуфт ӯ.

Поп Франсиск, раҳбари рӯҳонии католикҳо, як шохаи масеҳиёни ҷаҳон аст, ки дар Ватикан қароргоҳ дорад.

Ӯ барои чор рӯз ба Ироқ сафар кардааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор пиёдагардро ҷарима кардаанд

Роҳгузарон дар яке аз хиёбонҳои Душанбе. Акс аз соли 2017

Нозирони роҳ дар Тоҷикистон дар ду моҳи ахир беш аз 7 ҳазор пиёдагардро барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд.

Ҳафтномаи “Қонун ва ҷомеа”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки “пиёдагардоне, ки роҳҳоро аз ҷойҳои номуайяншуда убур намуда, аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ, рўизаминӣ ва чароғакҳои роҳнамо истифода накардаанд, 7 сомонию 50 дирам ҷарима шудаанд”.

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки 60 дар сади садамаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардон рӯх додааст.

Бархе аз пиёдагардон мегӯянд, дар аксари роҳҳо чароғакҳо дуруст кор намекунанд ва роҳҳо барои пиёдагардон дар фосилаи дур ҷойгиранд, аз ин рӯ, роҳгузарон маҷбур ба убури роҳе мешаванд, ки ҳеҷ аломат надорад.

Аммо мақомот мегӯянд, дар Душанбе 18 гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шудааст, вале пиёдагардон камтар аз онҳо истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон соле бештар аз ҳазор нафар бар асари садамҳои нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок мешаванд.

Мухолифон дар Арманистон истеъфои сарвазирро талаб карданд

Эътироз дар Арманистон

Намояндагони иттиҳоди мухолифин дар Арманистон талаб доранд, ки Никол Пашиниян, сарвазири ин кишвар истеъфо диҳад ва дар кишвар интихоботи нави порлумонӣ баргузор гардад.

Онҳо барои баррасии ин талабҳояшон хостори мулоқот бо Армен Саргисиян, президенти Арманистон шуданд.

Даҳҳо гуруҳи мухолиф пас аз созиши Арманистон бо Озарбойҷон бар ивази додани қисматҳое аз Қарабоғи Кӯҳи муттаҳид шуданд ва Пашиниянро ба хиёнат муттаҳам мекунанд.

Мухолифон дар ҳоле ба талабҳояшон пойфишорӣ мекунанд, ки чанде пеш Никол Пашиниян сардори ситоди Вазорати мудофиаи кишварро аз мақомаш барканор кард. Ӯ Оника Гаспариянро дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам медонад.

Мухолифон аз президент талаб доранд, ба суди конститутсионӣ муроҷиат кунад ва маълум кунад, ки то куҷо барканории ин низомии баландпоя қонунӣ буд.

Дар Арманистон президент салоҳияти зиёд надорад ва кишварро сарвазир идора мекунад, вале дар ин ҳол президент ҳақ дорад, аз болои фармони сарвазир ба додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кунад.

Никол Пашиниён баъд аз ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон барои вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ зери фишори афзоянда қарор гирифтааст. Дар ин ҷанг, ки бо миёнҷигарии Русия хотима ёфт, Арманистон баъзе аз қисматҳои Қаробоғи куҳӣ ва ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон супурд.

Муроҷиати муҳоҷирони тоҷик барои кӯмак ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд шудааст

Русия яке аз кишварҳои аслии муҳоҷирпазири Тоҷикистон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ки муроҷиати муҳоҷирони дармонда дар ин кишвар ва дар аҳди пандемия ба онҳо зиёд шудааст. Шуҳрат Қудратов, вакили дифо ва ҳомии ҳуқуқ, ки дар “Маркази тоҷикон” дар Маскав кор мекунад, рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзу шаб даҳҳо нафар ба онҳо барои машварату гирифтани кумаки ҳуқуқӣ занг мезананд.

Ӯ гуфт: “Ҳамин шанбе 10 муҳоҷир бо телефон ба марказ тамос гирифтанд, ки бархеи онҳо патент надоштаанд, бархеи дигарро боздошт карда, будаанд. Мо бо ёрдами ихтиёриёни хайрхоҳ ба ҷои ҳодиса меравем ва ба масъалаи корафтодаҳо расидагӣ мекунем.”

Бинобар маҳдудиятҳои пандемияи коронавируси нав дар Русия ҳазорон муҳоҷири тоҷик ба мушкилот гирифтор шуда ва ё бекор мондаанд. Масъулони “Маркази тоҷикон” мегӯянд, бинобар зиёд шудани муроҷиатҳо ба кори шабонарӯзӣ ва 24 соата гузаштанд, то ба муроҷиати муҳоҷирони тоҷик саривақт посух диҳанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва азбаски ҳазорон нафари онҳо бе санади расмӣ ва иҷоза кор мекунанд, ба мушкилот дучор мешаванд ва садҳо нафарашон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ меафтанду, муддатҳои тулонӣ дар онҷо мемонанд.

Попи Рум бо Оятуллоҳ Сиистонӣ дар Наҷаф мулоқот кард

Попи Рум ҳангоми мулоқот бо Оятуллоҳ Сиистонӣ дар Наҷаф

Попи Рум Франсис дар нахустин сафараш ба Ироқ, бо яке аз бонуфузтарин рӯҳониёни ин кишвар Оятуллоҳ Алӣ ал Сиистонӣ дидору гуфтугу кард. Дар ин вохӯрӣ дар шаҳри Наҷаф, Попи Рум дар бораи ҳамзистии осоиштани намояндагони мазҳабҳои гуногун ва ҳимоят аз ҳаққи масеҳиёни ироқӣ суҳбат кард.

Сафари раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Ироқро мустақим дар телевизион намоиш доданд ва мардум бо дидани мулоқоти ду руҳонии муътабар изҳори хурсандӣ мекарданд. Ал- Сиистонӣ яке аз руҳониёни бонуфузи Ироқ аст ва шиамазҳабони тамоми ҷаҳон низ ба ӯ эҳтиром доранд. Баъди мулоқоти паси дарҳои баста, Оятуллоҳ Сиистонӣ бо нашри як баёнияе гуфт, масеҳиёни Ироқ бояд дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунанд ва аз айни ҳуқуқе баҳраманд бошанд, ки дигар ироқиҳо доранд.

Ватикан гуфт, ки Попи Рум ба Ал-Сиистонӣ ва мардуми шиамазҳаб барои ба ҳимояти “заифтарину таъқибшудатарин гуруҳ” изҳори сипос кардааст. Дар гузашта дар Ироқ тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор масеҳӣ ва аз ҷумла католикҳо зиндагӣ мекарданд, вале баъди ҳамлаи Амрико дар соли 2003 ва нооромиҳои баъди он бисёре аз онҳо гурехтанд. Ҳоло дар Ироқ 300 ҳазор масеҳӣ мондааст ва бисёре аз он ҳам беҷо шудаанд.

Сарватманди украиниро аз ҳаққи рафтан ба Амрико маҳрум карданд

Игор Коломойский дар порлумони Украина даҳҳо тарафдор дорад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Игор Коломойский, яке аз соҳибкорони сарватмандтарини Украинаро аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум карданд. Қарори мазкурро аломате аз мавқеъгирии сахтгиронаи раиси ҷумҳур Ҷо Байден медонанд, ки мехоҳад, ҳукумати Украина ба зидди фасодкории густурда мубориза барад.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 5-уми март қарори аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум кардани Игор Коломойскийро эълон кард ва гуфт, ки “талошҳои феълӣ ва идомадори Коломойский барои халалдор кардани ҷараёнҳо ва аркони демократия дар Украина барои ояндаи ин кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.”

Мунтақидони Коломойский мегӯянд, ки ӯ саъй дорад, ислоҳоти лозимии сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар низоми додгоҳӣ ва бонкдории Украина сурат нагирад. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо тарафдори ин ислоҳот ҳастанд ва ба гуфтаи мунтақидон барои ҷилавгирӣ аз ислоҳот даҳҳои вакили тарафдори Коломойский ба ӯ кумак мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин зану фарзандони Коломойскийро аз ҳаққи вуруд ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум сохтааст.

WHO аз кишварҳои ҷаҳон хост, эҳтиёткор бошанд

Инҷо Рум аст...

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор додааст, ки бо раҳандозии маъракаи васкинзанӣ ба зидди COVID-19 маҳдудиятҳои гаштугузор набояд камтар карда шавад, зеро мумкин аст, вирус дигарбора дар кишварҳои ҷаҳон васеъ паҳн шавад. Айни замон коронавируси нав дар Бразилия ва чанде аз кишварҳои Аврупо бедодгарӣ мекунад ва маргу мир аз он ҳам афзудааст.

Майк Райан, яке аз мудирони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 5-уми март гуфт, ки пандемия ҳануз аз марҳилаи нобудӣ дур аст ва “Агар кишварҳои ҷаҳон эҳтиёт накунанд, мо шоҳиди авҷи саввум ва чаҳорумбораи беморӣ мешавем.” Ҳушдори созмон дар замонест, ки дар Амрико суръати сироят сусттар шудааст ва баръакс ваксинзанӣ суръат мегирад.

Айни замон баъзе иёлатҳо маҳдудиятҳоро барои беҳтар кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ камтар кардаанд. Дар Бразилия, ки навъи нави вирус босуръат доман паҳн мекунад, ин ҳафта теъдодии рекордии беморон ва маргумир аз СОVID-19 сабт шуд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ авзоъ дар Бразилияро “бисёр нигаронкунанда” хонда ва аз сирояти вирус аз онҷо ба кишварҳои дигари Амрикои Лотинӣ ҳушдор додааст.

Тарма дар Бадахшони Афғонистон 14 нафарро куштааст

Инҷо як обанбори Вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки бо Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.

Дар натиҷаи тарма ва ё баҳман дар як кони тило дар шимоли Афғонистон камаш 14 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки тарма рӯзи 4-уми март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшон сурат гирифтааст, ки зери назорати Толибон аст.

Фарид Некфар, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Бадахшон гуфтааст, ки ҷасади 12 нафарро аз зери барф берун кашидаанд ва ҷустуҷуи ҷасади ду нафари дигар идома дорад.

Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати Вилояти Бадахшон гуфтааст, ки тарма дар рустои Зарандоб, дар ноҳияи Роғистон ҷони 15 нафарро гирифта, панҷ каси дигарро маҷруҳ кардааст. Бо расидани баҳор, тармаву сел дар Афғонистон зиёд мешавад.

Асомуддинзода барканор шуд. Раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистонро иваз карданд

Тоҷиддин Асомуддинзода

Тоҷиддин Асомуддинзода, раиси ягона Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон, аз мансабаш барканор шуд. Дар ин бора рӯзи 5-уми март қарори ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, вале дар он сабаби барканориро нагуфтаанд.

Асомуддинзода 49-сола аст ва аз соли 2015 дар ин мансаб кор мекард. Вай дар гузашта дар Кумитаи дини Тоҷикистон сардори бахш ва як муддат муовини раис буд.

Бо қарори дигари ҳукумат, ки рӯзи ҷумъа тасвиб шуд, Нусратулло Зокирзода раиси нави Донишкадаи исломӣ таъйин гардидааст.

Солҳои пеш дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабтином шуда буд. Бо гузашти замон онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ дар Душанбе монд, ки он ҳам қисман ба таълими динӣ машғул аст. Ҳоло дар Донишкадаи исломӣ 879 кас мехонанд.

Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, вале мақомоти тоҷик ҳамеша интиқодҳоро беасос ва рафтори худро барои таъмини амният дар кишвар дурусту қонунӣ мешуморанд.

Cафорати ИМА бо 110 ҳазор доллар барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳи об сохт

Бо пуштибонии молии Сафорати ИМА дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ ба Горди миллии Тоҷикистон бо арзиши 110 ҳазор доллар як чоҳ сохта шуд.

Ба иттилои Сафорати Амрико, дар маросими мавриди истифода қарор додани ин чоҳ, муовини Фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон генерал-майор Ҷонибек Ализода ва Атташеи низомӣ дар Сафорати Амрико подполковник Ҷошуа Мадлингер ширкат доштанд.

Бунёди ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар соли 2011 ҳам Сафорати Амрико ба миқдори 3,1 миллион долллар барои бунёди Маркази таълимии Горди миллӣ кӯмак карда буд.

Амрико дар 29 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон садҳо миллион доллар кумак кардааст.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст.

Попи Рум бо як сафар таърихӣ вориди Ироқ шуд

Поп Франсисро дар фурудгоҳ нахуствазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ пешвоз гирифт

Ҳавопаймои попи Рум Франсис дар чаҳорчӯби нахустин сафари таърихии раҳбари калони католикҳои ҷаҳон дар фурудгоҳи Бағдод поин шуд. Ироқ нахустин маконе шуд, ки Попи Рум дар паи пандемияи коронавирус ба он ҷо сафар мекунад. Франсис дар фурудгоҳи Бағдод 5-уми март ба хабарнигорон гуфт, “хушбахтам, ки сафарам барқарор шуд ва ин сафари рамзӣ ба сарзаминест, ки давоми солиёни зиёд азият шудааст”. Дар ҷараёни сафари чоррӯзааш ба Ироқ ӯ ба мулоқоти ҷомеаи масеҳиёни ин кишвар рафта, ҳамчунин аз муколамаи байни динҳо сӯҳбат мекунад, бо раҳбари шиаёни ин кишвар Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Рӯҳонии 84-сола қарор аст дар варзишгоҳи марказии шимоли Ирбил ҳам як намози дастаҷамъӣ барпо кунад. Барои таъмини амнияти раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ироқ ҳазорҳо кормандони амниятӣ ҷалб шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG