Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои низомии он кишвар аз Сурия оҳиста-оҳиста сурат мегирад ва он ҳам ба шарте, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" шикаст хӯрда бошад ва Туркия замонат диҳад, ки аз ҳамла ба курдҳои Сурия худдорӣ менамояд.
Ҷон Болтон гуфт, мавзеи Амрико ин аст, ки "Туркия набояд курдҳоро бикушад ва хуруҷи низомиёни амрикоӣ бидуни тавофуқ барои ҳимоят аз курдҳо, сурат нахоҳад гирифт".
Вай ки ба Исроил сафар кардааст, рӯзи якшанбеи 6-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, "мавзеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи берун бурдани низомиёни амрикоӣ аз Сурия ин аст, ки хуруҷи низомиён баъд аз пирӯзӣ бар боқимондаи гурӯҳи ДИИШ ва замонати дифои аз курдҳо аз сӯи Туркия, анҷом мешавад."
Трамп чанд рӯз қабл гуфт, вай нахоҳад гузошт, ки Туркия ба курдҳои муттаҳиди Амрико ҳамла кунад.
Мушовири амнияти миллии Амрико афзудааст, ки Вашингтон моил нест, ки Туркия вориди амалиёти низомӣ шавад, "магар ин, ки ҳаргуна амалиёт бо иштироки Амрико бошад."
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", сухангӯи раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе дар вокуниш ба суханони мушовири амнияти миллии Амрико гуфт, ин иддао, ки Туркия курдҳоро ҳадаф қарор медиҳад, "мантиқӣ нест" ва афзуд, Туркия танҳо "гурӯҳи ДИИШ, ПКК ва Гурӯҳи мудофеони халқ"-ро ҳадаф қарор медиҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи гузашта бо ишора ба ин, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия шикаст хӯрдааст, эълом кард, ки низомиёни кишвараш аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд. Ду ҳазор низомии амрикоӣ аз ҳафт сол ба ин тараф дар шимол-шарқи Сурия ҷойгир шудаанд ва асосан ба тамрини ҷангҷӯёни курди ҳампаймони Амрико машғул мебошанд.
Эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия боиси истеъфои вазири дифои Амрико ва ҳамчунин фиристодаи вижаи он кишвар дар эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи ДИИШ шуд ва интиқодҳоеро дар дохил ва хориҷи Амрико дар пай дошт. Бархе аз кишварҳои ҳампаймони Амрико гуфтанд, ки ин тасмими Вашингтон онҳоро "ғофилгир" кард.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар нишасти ҳукумат, ки хабарнигорон низ дар он ҳузур доштанд, аз курдҳои Сурия гила кард, ки ба гуфтаи ӯ, ба Эрон "нафт мефурӯшанд" ва таъкид кард, ки курдҳо вақте бо амрикоиҳо ҳамроҳ ҳастанд, ҷанговарони ҷасур мебошанд ва аз Туркия хост, ки аз амалиёти низомӣ ҳамоҳангношуда бо Амрико худдорӣ кунад. Оқои Трамп афзуд, вай нахоҳад гузошт, ки Туркия ба курдҳои муттаҳиди Амрико ҳамла кунад.
Интизор меравад, ки мушовири амнияти миллии Амрико имрӯз, душанбеи 7-уми январ дар Анқара бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот намуда ва ин мавзӯъро бо ӯ баҳсу баррасӣ намояд.
Исроил вақтҳои ахир аз тақвияти ҷойгоҳи минтақавии Туркия ибрози нигаронӣ кардааст. Чанд рӯз пеш нахуствазири Исроил ва раиси ҷумҳури Туркия бори дигар алайҳи якдигар ҳамлаҳои шадиди лафзӣ намуданд. Оқои Болтон, ки дувумин бор дар чаҳор моҳи гузашта ба Исроил сафар кардааст, шаби якшанбе бо нахуствазир Бенямин Нетаняҳу ва ҳамчунин вазири дифоъ ва мақомҳои дигари Исроил мулоқот кард.