Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, ба Габон нерӯҳои низомӣ фиристод


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, низомиёни кишвараш ба Габон, як кишвари африқоӣ, фиристода шуданд. Трамп гуфтааст, бо ҳадафи муҳофизат аз шаҳрвандон ва муасисаҳои дипломатии Амрико дар Ҷумҳурии демократии Конго, дар ҳамсоягии Габон, ба ҳузури низомиён ниёз ҳаст.

Ӯ рӯзи 4-уми январ дар нома ба раҳбарони Конгресси Амрико навишт, нахустин гурӯҳи ҳафтоднафарии сарбозони амрикоӣ рӯзи 2-юми январ ба Габон расиданд. Доналд Трамп афзудааст, дар сурати ниёз, ба онҷо нерӯи бештар фиристода хоҳад шуд.

Дар ин номаи Трамп омадааст, то замоне ки вазъияти амниятӣ дар Конго тағйир накунад ва барои ҳузури сарбозон эҳтиёҷ бошад, нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа боқӣ хоҳанд монд.

Ин сарбозон дар ҳоле ба Габон рафтанд, ки интихоботи президентӣ дар Конго, ҳамсояи Габон, пас аз се дафъаи таъхир рӯзи 30-юми декабри соли гузашта баргузор шуд. Ин маърака барои интихоби ҷойгузини Ҷозеф Кабила, раиси ҷумҳури Конго, ба гунаи нисбатан мусолиматомез баргузор шуд. Вай тақрибан 17 сол боз ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад.

Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири тақаллуб ва эҳтимоли хушунатҳо пас аз эълони натиҷаҳои ин интихобот дар рӯзи 6-уми январ ибрози нигаронӣ доранд.

XS
SM
MD
LG