Хонаводаи Пол Уилан, шаҳрванди боздоштшудаи амрикоӣ дар Русия рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кардааст, ки ӯ барои ширкат дар маросими арӯсӣ ба Маскав сафар карда буд ва "бегуноҳ" аст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Дэвид Уилан -- бародари Пол Уилан гуфтааст, ки бародараш як низомии собиқи артиши Амрико аст ва барои ширкат дар маросими арӯсии яке аз ҳамқаторони собиқи худ ба Маскав сафар карда буд. Дар ҳамин росто, хонаводаи Пол Уилан дар баёнияе аз вазъи ӯ нигаронӣ намуда ва гуфтааст, "ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки Пол Уилан бегуноҳ аст."
Бар асоси қонунҳои Русия, агар иттиҳоми ҷосусӣ дар нисбати Пол Уилон собит шавад, ӯро аз 10 то 20 соли зиндон интизор аст.
Хадамоти амнияти федералии Русия ё ФСБ рӯзи 31-уми декабр аз боздошти як шаҳрванди амрикоӣ дар рӯзи ҷумъаи гузашта ба гумони ҷосусӣ дар Маскав хабар дод ва эълом кард, ки алайҳи ин шахс парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин робита як намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, Русия Вашингтонро аз боздошти ин шаҳрванди амрикоӣ хабардор кардааст ва интизор меравад, ки ба ин шаҳрванди боздоштшуда кӯмаки консулӣ расонида шавад.
Ин намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико афзуд, "Русия бар асоси Конвенсияи Женева ӯҳдадор аст ба ин шаҳрванди амрикоӣ имкони дастрасии консулӣ бидиҳад. Мо талаби дастрасии консулӣ кардаем ва интизор дорем, ки Русия чунин имконро фароҳам кунад". Бо ин ҳол, ин намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико номи ин шаҳрванди амрикоӣ ва сабабҳои боздошти ӯро эълом накард.
Дэвид Уилан дар посух ба пурсиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, Пол Уилан масъули амнияти байналмилалии ширкати тавлиди қисмҳои мошин -- BorgWarner аст. Ширкати BorgWarner дар посух ба пурсиши Радиои Аврупои Озод тайид кардааст, ки Пол Уилан мудири амниятии ин ширкат мебошад. Бар асоси қонунҳои Русия, агар иттиҳоми ҷосусӣ дар нисбати Пол Уилан собит шавад, ӯро аз 10 то 20 соли зиндон интизор аст.
Ин дар ҳоле аст, ки Даниэл Ҳоффман, масъули пешини дафтари Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA дар Маскав ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастури боздошти Пул Уилонро додааст, то аз ин тариқ заминаи мубодилаи Мария Бутина, шаҳрванди боздоштшудаи Амрикоро фароҳам кунад.
Даниэл Ҳоффман афзудааст, ки Путин мехоҳад хонаводаи фарди боздоштшуда ва ҳукумати Амрикоро таҳти фишор қарор диҳад. Оқои Ҳоффман гуфтааст, "Путин медонад, ки фишори афкори умумӣ барои бозгардонидани ин шаҳрванди амрикоӣ ба давлати ИМА вазнин хоҳад буд".
Владимир Путин дар нома ба Доналд Трамп дар рӯзи якшанбе эълом карда буд, ки Маскав омодааст, то дар бораи масъалаҳои ҳалношуда миёни ду кишвар, бо Вашингтон музокира кунад. Доналд Трамп дар ҷараёни нишасти сарони "Гурӯҳи 20" дар Аргентина дар охирҳои моҳи ноябр мулоқоти худ бо Путинро лағв карда буд.