Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле, ки бонувон талаб карданд барои "гаппартоӣ" ҷазо муқаррар шавад. ВИДЕО


Дар соли 2018 муроҷиати гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе ба мири шаҳр, дар навъи худ нодир буд ва баҳсҳоеро дар ҷомеа барангехт. Ин занон дар номае аз раиси шаҳр хостанд ба масъалаи озори лафзии духтарон дар кӯчаҳои пойтахт, таваҷҷуҳ шавад.

Ҳабси чанд ҷавон ва намоиши фаршшӯии онҳо бо ҷурми гаппартоӣ ваё дашноми занону духтарон, бисёре аз мардонро эҳтиёткор кардааст.

Зери ин нома 50 духтари Душанбе имзо карданд. Сокинон баъд аз андак муддат вокуниши шаҳрдориро эҳсос карданд. Бонувоне, ки аз бадрафтории мардҳо ранҷ медиданд, бо тавсияи мақомот тасвир ва наворҳои онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекарданд, ё ба пулис месупурданд.

Ин ҳамкорӣ ба назари мусоҳибони мо натиҷаи мусбат дод. Як зан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло, ки ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, на гап мепартоянд ва на кордор мешаванд". Як духтари дигар мегӯяд, ки ҳоло озори лафзӣ камтар шудааст ва бачаҳо дигар ба духтарҳо чун гузашта таваҷҷуҳи зиёд намекунад. "Ба фикри ман кам шудааст. Чунки дар ҳамин ҷамъият мардум диданд, ки бояд чӣ хел муносибат кунанд",-гуфт як писар дар сӯҳбат бо РО.

Соле, ки бонувон талаб карданд барои "гаппаронӣ" ҷазо муқаррар шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки муроҷиати занону духтарон баёнгари боҷуръаттар шудани онҳо мебошад. Духтарҳо мегӯянд, ки беодобии бархе аз мардон реша дар норасоии онҳо дорад ва баъзан ҳам ба хотири хушҳол кардани табъи худ ба ин амалҳои озордиҳанда даст мезананд.

"--Агар бачаҳо гап напартоянд, худро ором ҳис намекунанд. Ба ҳамин хотир, онҳо бо ин ғубори дили худро мебароранд,

-- Аз рӯи бекорӣ. Аз бехудагардию нахондану бефаросатӣ мешавад ин хел корҳо."

Мусоҳибони мо аз сӯе мегӯянд, ки дар баъзе ҳолатҳо набояд ба гаппарониҳои мардону писарон таваҷҷӯҳ кард. Баъзе аз ҷавононе, ки ба гаппартоии худашон қоиланд, мегӯянд, ин амалашон "шухӣ" аст ва ба боварии онҳо духтароне ҳам кам нестанд, ки ин рафтори онҳоро меписанданд. Бархе аз ҷавонони "доно" мегӯянд, онҳо медонанд, ки ба кадом духтарон гап партоянд.

Ҳабси чанд ҷавон ва намоиши фаршшӯии онҳо бо ҷурми гаппартоӣ ваё дашноми занону духтарон, бисёре аз сокинони пойтахтро эҳтиёткор кардааст. Ҳоло ҷавонон бо шӯхӣ ба якдигар "маслиҳат" медиҳанд, ки "агар ба духтаре гап партофтанӣ ҳастӣ, аввал бояд чӯбу латтаи фаршшӯиатро омода кунӣ".

Бархеҳо мегӯянд, бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашидани чанд мард, ҳанӯз ҳам беодобии чанде аз онҳоро дар кӯчаву хиёбонҳо мушоҳида кардаанд ва ба гуфтаи онҳо, гаппартоӣ "ҳеҷ кам нашудааст."

XS
SM
MD
LG