Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: "Мо кай гуфтем, ки Исроилро нобуд мекунем?"


Мусоҳибаи ахири вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф бо як расонаи фаронсавӣ, ки гуфт, мақомоти кишвараш ҳеҷ гоҳ шиори "Марг ба Исроил" ё "нобудии Исроил"-ро сар надодаанд, сару садоҳоеро дар расонаҳо ба миён овард.

Муҳаммадҷавод Зариф дар хусуси "нобудии Исроил", ки шиори маъруф дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст, гуфт, "мо кай гуфтем, ки Исроилро нобуд мекунем?Фақат як нафарро пайдо кунед ва ба мо нишон диҳед, ки ин ҳарфро зада бошад. Ҳеҷ кас чунин ҳарфе назадааст."

Вале бо гузашти чиҳил сол аз равобити сарду пуртаниш миёни ду кишвар, на Исроил "нобуд" шуд ва на Телавив "ҷуръат" пайдо кард, ки ба Теҳрон ҳамла кунад.

Муҳаммадҷавод Зариф, ки ҳафтаи гузашта барои ширкат дар ҳамоише ба Қатар рафта буд, мусоҳибаи ихтисосие бо Ормин Орифӣ, хабарнигори ҳафтаномаи Ле Пойнт анҷом дод ва дар ин мусоҳиба гуфт, ки "мо ҳеҷ вақт дар пайи нобудии ҳеҷ кишваре набудаем."

Ӯ пас аз он, ки мусоҳибакунанда гӯшзад кард, ки "мақомоти Ҷумҳурии исломӣ хоҳони нобудии Исроил ҳастанд", изҳор кард, ки Оятуллоҳ Хумайнӣ гуфта буд, "Исроил аз сафҳаи рӯзгор маҳв хоҳад шуд... (яъне) Исроил бо ин сиёсатҳое, ки дорад, ба ин сарнавишт мубтало хоҳад шуд... на ин, ки мехоҳад онро нобуд кунад."

Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханрониҳои худ таъкид дошта буд, ки "агар як исроилӣ пояшро бигзорад дар Эрон, бар мардуми Эрон воҷиб аст, ки инҳоро аз байн бибаранд" ва гуфта буд, "агар бо ҳам қиём кунанд, Исроил ба куллӣ аз байн хоҳад рафт."

Руҳуллоҳ Хумайнӣ.
Руҳуллоҳ Хумайнӣ.

Ин назари Руҳуллоҳ Хумайнӣ борҳо аз сӯи раҳбари баъдӣ ва дигар масъулони Ҷумҳурии исломӣ такрор шудааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон панҷ сол пеш гуфта буд, "инки режими саҳюнистӣ як ғуддаи саратонӣ аст ва бояд аз байн биравад, ин ҳарфи имом (манзур Оятуллоҳ Хумайнӣ) аст."

Аммо Муҳаммадҷавод Зариф акнун ин амрро такзиб мекунад. Дар адабиёти сиёсии Ҷумҳурии исломӣ ҳатто аз ба кор бурдани номи расмии Исроил худдорӣ мешавад ва дар иваз аз унвонҳое чун "режими ишғолгари Қудс", "режими саҳюнистӣ", "ғуддаи саратонӣ" ва номҳои ба ин монанд истифода мешавад.

Бо вуҷуди чунин баёнияҳо, инак вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар остонаи 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, паёми муғойир бо гузаштаро ба ҷаҳон ироа кард, ки "мо кай гуфтем, ки Исроилро нобуд мекунем". Ин суханони Зариф ва тарҷумаи матни мусоҳиба аз сӯи шуморе аз хабаргузориҳои давлатии Эрон мунташир шуд.

Ин суханони вазири умури хориҷии Эрон дар дохили он кишвар аз сӯи мақомот ба вокунишҳое рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, ба гузориши хабаргузории "Форс" Ҳасан Раҳимпури Арғандӣ, узви Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, дар посух ба пурсише дар як нишаст дар хусуси изҳороти вазири умури хориҷии он кишвар дар бораи ин, ки "иддае мегӯянд имом нагуфта, ки Исроил бояд аз байн биравад" гуфт, "чунин ҳарфҳое дурӯғ ва таҳриф аст. Имом гуфт, Исроил бояд аз байн биравад."

Аммо ҳоло бо вуҷуди баргузор кардани "Рӯзи ҷаҳонии озодсозии Қудс" ва шиорҳои такрорӣ алайҳи Исроил, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки инкори мавҷудияти Исроил аз сӯи Ҷумҳурии исломӣ камранг мешавад.

Сафари ахири нахуствазири Исроил ба кишвари нафтхези Уммон, ки аз манофеи Эрон ҳимоят мекунад, далели он аст, ки ин ду кишвар ба сӯи коҳиши таниш миёни ҳам гом мебардоранд. Мақомоти Теҳрон ба сафари нахуствазири Исроил ба Уммон ҳеҷ вокунише нишон надоданд.

Эрон ва Исроил пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд. Дар баробари таҳдидҳои мақомоти эронӣ, масъулони исроилӣ низ борҳо Эронро ҳушдор доданд, ки дар сурати талоши Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, ба Эрон ҳамла мекунанд. Вале бо гузашти чиҳил сол аз равобити сард миёни ду кишвар, на Исроил "нобуд" шуд ва на Телавив ҷуръат пайдо кард, ки ба Теҳрон ҳамла кунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG