Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба аҳдофе дар наздикии шаҳри Димишқ -- пойтахти Сурия, ҳадди ақал се тан аз нерӯҳои артиши Сурия захмӣ шудаанд. Сурия мегӯяд, "бештари мушакҳоро раҳгирӣ карда ва хунсо намудааст".
Телевизиони давлатии Сурия субҳи чаҳоршанбеи 26-уми декабр гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ шаби гузашта аз фарози Лубнон мушакҳоеро ба наздикии Димишқ партоб кардаанд. Ба гуфтаи телевизиони Сурия, ин мушакҳо ба як анбори аслиҳа бархӯрда ва се сарбоз захмӣ шудаанд.
Исроил то ба ҳол даҳҳо амалиёт алайҳи "аҳдофи эронӣ-суриягӣ" анҷом додааст, ки бисёре аз онҳо корвонҳо ё анборҳои аслиҳаи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро ҳадаф қарор додаанд.
Сурия мегӯяд, бештари мушакҳои партобшударо раҳгирӣ карда ва пеш аз бархӯрд ба ҳадаф, аз байн бурдааст. Телевизиони давлатии Сурия ба нақл аз як мақоми низомӣ, ки номаш фош нашудааст, мегӯяд, ҳавопаймоҳои ҷангӣ мутааллиқ ба артиши Исроил буданд. Хабаргузории давлатии Лубнон низ қаблан гузориш дода буд, ки шуморе аз ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ дар ҳоли парвоз дар минтақаҳои ҷанубии Лубнон мушоҳида шудаанд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мақараш дар Лондон мегӯяд, Исроил дар ин ҳамла ба се мавзеъ дар ҷануби Димишқ зарба задааст. Ба гуфта ин манбаъ, ин анборҳо ба гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон тааллуқ доштаанд. Артиши Исроил дар "Твиттер"-и худ гуфтааст, нерӯҳои ҳавоии артиш ба як мушаки зиддиҳавоии партобшуда аз Сурия, вокуниш нишон додааст.
Ин нахустин ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Сурия пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвари ҷангзадаи арабӣ мебошад. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳафтаи гузашта дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ва паёмадҳои он гуфта буд, ки амалиёти кишвараш зидди Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар Сурия бештар хоҳад шуд.
Исроил то ба ҳол даҳҳо амалиёт алайҳи "аҳдофи эронӣ-суриягӣ" анҷом додааст, ки бисёре аз онҳо корвонҳо ё анборҳори аслиҳаи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро ҳадаф қарор додаанд. Русия дар моҳи октябр пас аз он, ки дар ҷараёни яке аз ҳамин ҳамлаҳо, ҳавопаймояш ба таври иштибоҳӣ ҳадафи нерӯҳои ҳавоии Сурия қарор гирифт, гуфт, ки аслиҳаи зиддиҳавоии S-300-ро ба Сурия интиқол медиҳад.