Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар миёни нӯҳ кишвари андозбандиҳояшон сангин


Тоҷикистон дар қатори нӯҳ кишваре қарор гирифт, ки сатҳи андозбандияшон сангин гуфта мешавад.

"Pricewaterhouse Coopers" - ширкати байналмилалии аудиториву машваратӣ дар гузориши вижае бо унвони Paying Taxes-2019 мегӯяд, ки меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, қариб ду баробар бештар мебошад.

Андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва ба ҳама ширкату корхонаҳо имтиёзи баробар надодан, аз омилҳоеянд гуфта мешаванд, ки ҷилави сармоягузориро дар кишвар мегирад.

Дар ин раддабандӣ, ки 190 кишварро фаро гирифтааст, меъёри андозбандии сангин дар баробари Тоҷикистон, дар 8 кишвари дигар -- Ҷазираҳои Комор, Аргентина, Эритерия, Боливия, Гвинеяи Экваториалӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Колумбия ва Афғонистон низ мушоҳида мешавад. Тибқи нишондодҳои ин гузориш, сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29 дарсад, Қазоқистон – 29,4%, Узбекистон – 32,1% ва Русия – фоиз баробар аст.

Коршинос: "Бояд ислоҳоти фаврӣ сурат бигирад"

Бархе аз коршиносони умури иқтисод нишондодҳои ин раддабандиро дар нисбати Тоҷикистон воқеӣ арзёбӣ намуда, мегӯянд, барои он ки кишвар дар қатори давлатҳои низоми андозбандиашон вазнин ҷой нагирад, мақомот бояд фавран ислоҳоти воқеиро дар ин самт амалӣ созанд.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, маҳз андозҳои гарон дар Тоҷикистон боиси фирори соҳибкорон ва басташавии ширкатҳо гардидааст. Собиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шакли феълии андозбандӣ кори тоҷирон душвор шудааст.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.
Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.

"Бубинед, як тоҷире, ки мехоҳад аз хориҷа маҳсулот орад, дар баробари пардохтҳои гумрукӣ, аз ӯ боз ду маротибаи дигар андоз ситонида мешавад, дар ин ҳолат рушди соҳибкорӣ хеле мушкил аст"-афзуд ин иқтисоддони тоҷик.

Масъуд Собиров гуфт, ки низоми андозбандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият чандин маротиба ислоҳ шуд, вале ҳеҷ кадоме аз ин ислоҳот ба нафъи тоҷирону соҳибкорон набуд. Ӯ мегӯяд, агар ислоҳоти гузашта ба нафъи бахши соҳибкорӣ мебуд, тоҷирон аз кор дар ин бахш намегурехтанд.

Ба бовари ин иқтисоддони тоҷик, аксари корхонаҳо бинобар андозбандиҳои сангин баста мешаванд. Ба гуфтаи вай, вақте стратегияи низоми андозбандӣ таҳия мешавад ва ё ислоҳот ворид мешавад, бояд сари ин кор афроде ҷалб шавад, ки аз бурду бохти тиҷорат, аз вазъи воқеии низоми андозбандӣ огоҳӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи вай, дар таҳияи стратегия афроде ҷалб мешаванд, ки огоҳӣ надоранд.

"Дастандаркорон низоми андозбандиро аз як ҷои дигар рӯйбардор мекунанд, ки ин қобили қабул нест. Ҳоло ҳукумат низ ҳамин чизро фаҳмидааст, ки низоми феълии андозбандӣ на ба нафъи ҷомеа асту на ба нафъи худи ҳукумат. Ҳукумат барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати иқтисодӣ дорад, вале низоми феълии андозбандӣ боиси амалӣ нагардидани барномаҳои иқтисодӣ шудааст",-афзуд вай.

Мақомот: "Сабукиҳо дода шуд"

Дар робита ба нигарониҳо аз меъёри андозбандии сангин, мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, бо амалӣ шудани баъзе ислоҳот, сабукиҳо низ ироа шуд.

Завқибек Шодиён, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба раддабандии ширкати аудитории “Pricewaterhouse Coopers” розӣ шуда наметавонад, зеро дар он сабукиҳову ислоҳоте, ки мақомоти андоз солҳои ахир амалӣ кардаанд, ба назар гирифта нашудааст. Ҷаноби Шодиён аз сӯҳбати бештар худдорӣ намуда, танҳо гуфт, ки дар соли 2019 ислоҳот дар низоми андозбандии кишвар дар нақша гирифта шудааст.

Ҳарчанд мақомоти андози кишвар ба сангин будани бори андозҳо иқрор намешавад, вале масъалаи барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсоливу ширкатҳои тиҷоратӣ чандин сол аст, ки таъкид мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тайи 9 моҳи ахири соли равон дар кишвар 141 корхона аз фаъолият боз мондааст. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки соли гузашта дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, танҳо давоми шаш моҳ 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз фаъолият боз монда, сабаби аз кор мондани корхонаҳоро ба қарздории онҳо дар назди бонкҳо мебошад.

"Аз андози гарон муфлис шудам"

Ғаффор, як соҳибкори тоҷик, ки муассиси як корхонаи ҳасиббарорӣ буд, мегӯяд, андозбандиҳои вазнин боиси барҳам хӯрдани корхонааш гардид. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 4 намуди андоз месупориданд, ки ин барояш хеле мушкил афтод.

"Агар боз кор набошад ё суст бошад, бисёр душвор мешавад пардохти ин ҳама андозҳо. Моро як ҷаримаи калон карданд, баъди он корхонаро дигар барҳамаш додем. Ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ андоз месупоридем, дар шароити имрӯз осон нест кор кардан, ақалан ҳамон андози 5-фоиза, ки андоз аз гардиши мол гуфта меситонанд, набошад".

Як тоҷири бозори "Корвон", ки худро Ҷамшед муаррифӣ кард, иброз дошт, ки гарон будани андозҳо дар бозор ӯ ва ҳамкоронашро нигарон сохтааст. Ин ҳамсӯҳбатамон гуфт, ӯ сари ҳар моҳ 145 сомонӣ андоз аз даромад ва 70 сомонӣ барои як метре, ки иҷора гирифтааст, месупорад. "Ман тиҷорати бузург надорам, лекин вазнинии андозро эҳсос мекунам. Дар назди ман тоҷироне ҳастанд, ки зӯрашон ба пардохти андоз намерасад ва ҳоло дари дӯкони чанде аз онҳо барои напардохтани андоз мӯҳр зада шудааст".

"Андоз набояд ба ин ҳад вазнин бошад"

Яке аз сабабҳое, ки тоҷирон аз пардохти андоз сарпечӣ мекунанд, гаронии низоми андозбандӣ гуфта мешавад. Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки сабаби сарпечии соҳибкорон аз пардохти андоз, фишори баланди андоз мебошад.

Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Моҳи октябр дар пайи мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони тоҷик, Олимҷон Бобоев дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар бораи гаронии андозҳои Тоҷикистон гуфт, ки "сатҳи андоз набояд аз 36-40 дар сад бештар бошад. Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон сатҳи андоз ба 86 дарсад мерасад, яъне, агар як соҳибкор як сомонӣ даромад бигирад, ҳудуди 80 дирамашро бояд ҳамчун андоз ба давлат супорад ва бо 20 дарсади боқимонда соҳибкор корашро пеш бурда наметавонад.

"Қонуни андози мо ба бозбинӣ ниёз дорад. Баъзе андозҳо такрори ҳаманд. Баъзан аз як сарчашмаи даромад ду карат андоз ситонида мешавад. Масалан, андоз аз истифодабарандагони роҳ пардохт мешавад. Боз аз ҳамон андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ҳам мегиранд."

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир соҳибкоронро бо ваъдаи сабукиҳо дар низоми андозбандӣ, ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва ба ҳама ширкату корхонаҳо имтиёзи баробар надодан, зоҳиран аз омилҳоеянд, ки ҷилави соҳибкоронро аз сармоягузорӣ дар кишвар мегирад.

Тибқи омор, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 588 ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда ва 12 ҳазор соҳибкори инфиродӣ корашонро қатъ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG