Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибулло Ғуломов: "Муҳтадӣ Абдулқодиров бояд афв шавад" САДО


Акс аз бойгонӣ

Муҳтадӣ Абдулқодиров – бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз мақомот дархост кардааст, ки ӯро афв намоянд, чун собиқаи ҷиноӣ надораду бо хоҳиши худ аз хориҷ ба ватан баргашт.

Аз аввали имсол алайҳи беш аз 160 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" парванда боз гардидааст.

Эзоҳи қонуни ҷиноӣ

Муҳтадии 36-сола охири моҳи ноябри имсол бо иттиҳоми “Ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” (қисми 2, замимаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) дастгир шуд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз се то панҷ соли зиндонро дар назар дорад.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистон иттиҳоми Муҳтадӣ Абдулқодировро шарҳ надодаанд. Вале манобеи огоҳ мегӯянд, ки Абдулқодиров ҳанӯз соли 2013 ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам шуда буд ва боздошташ ба ҳодисаи панҷ соли пеш бармегардад. Ӯ дар ин муддат хориҷ аз кишвар мезист.

Аммо Ҳабибулло Ғуломов, вакили мудофеи Муҳтадӣ Абдулқодиров, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар моддаи Кодекси ҷиноӣ эзоҳе вуҷуд дорад, ки умедро барои афви зерҳимояаш бештар кардааст. Бино бар ин эзоҳ, шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштирок дар ҳизбҳои мамнӯи сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ даст мекашад ва агар аъмоли ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд.

"Худаш ба Тоҷикистон омад ва изҳори пушаймонӣ кард"

Ғуломов мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин ба мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кули Тоҷикистон дархости афв фиристоданд ва мунтазири посухи онҳо ҳастанд. "Дар фаъолияти зерҳимояи ман амали ҷиноӣ ҷо надорад. Худаш ба Тоҷикистон омад ва изҳори пушаймонӣ кардааст", - афзуд ӯ.

Вакили мудофеъ мегӯяд, бо нафари таҳти ҳимояташ бидуни кадом монеа дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст ва ба қавли ӯ "руҳияи Муҳтадӣ Абдулқодиров хуб аст ва интизор дорад, ки ба зудӣ афв хоҳад шуд".

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим

"Бародаронаш низ бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот мекунанд. Ҳеҷ шикоят надорад. Зерҳимояи ман соҳиби панҷ фарзанд аст ва мехоҳад, ки ба назди онҳо баргардад", - афзуд вакили мудофеъ.

Ба иддаои наздикон, Муҳтадӣ Абдулқодиров охири моҳи ноябри имсол бо ваъдаи афв аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт шуд. Ӯ аз 29-уми ноябр ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад.

"Гуфтааст, ки маъракаи ҳафту чил макруҳ аст"

Наздикони Абдулқодиров рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки парванда нисбат ба ӯ ҳанӯз соли 2013, баъди иштирокаш дар як маърака дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) боз шудааст. Яке аз афроди наздик ба хонаводаи Абдулқодировҳо ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар он қазия Муҳтадӣ “хитоб ба мардум гуфтааст, ки маъракаҳои чил, ҳафт ва сол макрӯҳ аст” ва он замон мақомот ӯро ба пайравӣ аз “Салафия” муттаҳам кардаанд.

Фаъолияти ҷараёни тозапайдои "Салафия" дар қатори 16 ҳизбу созмони дигар, аз ҷумла “Ал-Қоида”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ансоруллоҳ” ва гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2016 ба ин тараф дар кишвар як ситоди вижаи мубориза бо “Салафия” низ амал мекунад.

Боздошти нуҳ имом-хатиб бо ҷурми пайравӣ аз "Салафия"

Тайи солҳои охир дар кишвар беш аз 700 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Танҳо аз аввали имсол алайҳи беш аз 160 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ин ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ парванда боз гардидааст.

Дар миёни онҳое, ки бо ҷурми пайравӣ аз “Салафия” боздошту зиндонӣ шуданд, чанде аз имом-хатибони масоҷиди кишвар ҳам ҳастанд.

Дар як ҷаласаи порлумон дар моҳи ноябри имсол мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки танҳо дар солҳои 2016 - 2017 беш аз 20 имом-хатиб бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ дастгир шуданд, ки 9 нафари онҳо узви созмони “Салафия” будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG