Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори Русия "парвандаи Трамп"-ро ба BuzzFeed бохт


Логои сомонаи BuzzFeed
Логои сомонаи BuzzFeed

Додгоҳи ИМА дар заминаи даъвои соҳибкори Русия Алексей Губарев дар бораи туҳмат ба ӯ, аз сомонаи BuzzFeed пуштибонӣ кард. Мурофиаи додгоҳӣ ба "парвандаи Трамп" рабт дошт, ки гуфта мешуд хадамоти махсуси Русия алайҳи президенти ИМА Доналд Трамп маводи бадномкунанда дорад.

Дар матлабе, ки BuzzFeed нашр карда буд, номи Сергей Губерев зикр шудааст. Соҳибкор моҳи ферали соли 2017 ба додгоҳи Флорида шикоят бурд, аммо додгустар ҳукм кард, ки BuzzFeed дар ин матлаб арзёбӣ ва ақидаи худашро илова накардааст. Ба ғайр аз ин, нашрия навишта буд, ки маълумот тасдиқношуда аст.

BuzzFeed қаблан шарҳ дод, ки чаро ин "парванда"-ро нашр кард. Ба гуфтаи нашрия, онҳо мехостанд, ки амрикоиҳо дар бораи иттиҳомоти зидди Трамп ақидаи шахсии худро дошта бошанд.

"Парвандаи Трамп" аз тарафи корманди пешини истихбороти Британия Кристофер Стил омода шуд. BuzzFeed онро моҳи январи соли 2017 пурра чоп кард. Дар мавод гуфта мешуд, ки Доналд Трамп дар Русия манфиатҳои тиҷоратӣ дошт ва хадамоти махсуси Русия гӯё дар бораи ӯ маводи бадномкунанда ҷамъ кардаанд.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки намояндагони ситоди президенти оянда дар ҷараёни маъракаи пеш аз интихоботӣ бо мансабдорони Русия мулоқот карданд. Трамп ва тарафдоронаш ин маводро "фейк ньюс" гуфтанд. Хабаргузориҳо ва истихбороти ИМА натавонистанд матлаби нашршударо тасдиқ кунанд. Мақомоти Русия низ гуфтанд, ки бар зидди Трамп маводи бадномкунанда надоранд.

XS
SM
MD
LG