Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари пешини тарҳи "Манзили дастрас"


Нурулло Наимов.
Нурулло Наимов.

Нурулло Наимов, раҳбари барканоршудаи тарҳи "Манзили дастрас" ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шудааст.

Замони дақиқи дастгир шудани Нурулло Наимов маълум нест, вале дар Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти ӯ ва се тан аз ҳамкоронаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи "Манзили дастрас" сурат гирифтааст.

Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи раҳбари пешини "Манзили дастрас" тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодексияи ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқот идома дорад.

Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, даҳҳо тан аз муштариёни ин тарҳ шикоят кардаанд, ки масъулини "Манзили дастрас" аз онҳо пул дарёфт карда ва ба хазинаи ин тарҳ ворид накардаанд. Додситонӣ ҳоло аз ҷумла бояд мушаххас кунад, ки чаро роҳбарияти пешини тарҳ пули муштариёнро гирифта, ба хазинаи корхона ворид накардааст?

Нурулло Наимов, раиси тарҳи “Манзили дастрас” дар моҳи августи соли ҷорӣ муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз карда буд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар тобистони соли ҷорӣ аз додситонӣ тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд.

Як мақом дар ҳукумати Душанбе қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "додситонӣ тафтиш дорад, ки чаро тарҳи "Манзили дастрас" дар панҷ соли охир ба мушкил печид ва мизоҷон натавонистанд хонаҳои худро соҳиб шаванд? Инчунин, бояд дақиқ шавад, ки чаро пули муштариҳо ба хазинаи корхона ворид нагардид?"

"80 дарсади корҳо анҷом шудааст"

Масъулини "Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зуддтар хонаҳо дастрасӣ соҳибонашон гарданд. Як корманди ин тарҳ, ки рӯзи 19-уми декабр ба муштариён машварат медод, гуфт, бо назардошти он, ки 80 дарсади корҳо анҷом шудааст, муштариёне, ки феълан мехоҳанд хона гиранд, бояд 75-80% маблағро пешпардохт намоянд.

Ҳоло нархи як метри квадратӣ аз хонаҳои манзили дастрас аз 1981 то 4501 сомонӣ нишон дода шудааст. Нархи хонаҳо ба ҷойгиршавии он дар кадом ошёнаҳо вобаста аст. Барои як метри квадратӣ дар ошёани 18-ум 1981 сомонӣ ва дар ошёни дуввум 4501 сомонӣ гуфта шудааст.

Сокинон тавони пардохти маблағ барои хонаро надоранд

Гуландом, як сокини маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе, ки солҳо боз дар хонаи иҷора ба сар мебарад, мегӯяд, борҳо талош кард, ки аз "Манзили дастрас" хона бигирад, аммо бо далели гарон будани нархҳо ва маблағи кофӣ надоштан, муваффақ нашуд.

"Ман табиб ҳастам, тӯли 15-16 соли кориям аз ҳисоби маошам як миқдор пул ҷамъ кардаам, гуфтам ҳамин маблағи ҷамъкардаамро диҳаму боқимондаашро баъдан пардохт кунам, лекин нашуд, ҳисобу китоб кардам, ки зӯрам ба пардохти маблағи боқимонда намерасад",-афзуд ин сокини Душанбе.

Як муштарии ин тарҳ, ки аз соли 2013 то ҳол мунтазири анҷоми сохтмон ва соҳиби хона шудан аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст барои манзили духонагӣ шартнома имзо карда буд ва ахиран, ки имкони пардохти маблағҳои боқимондаро надошт, онро бо навиштани ариза онро ба як хонага иваз кард.

"Мегӯянд то сентябри соли оянда ба истифода медиҳему соҳиби хона мешавед. 136 ҳазор сомонӣ пешпардохт кардаам. Духонагӣ буд, ҳоло зӯрам барои пардохти маблағ намерасад, ариза навишта ба якхонагӣ иваз кардам. Гуфтанд, ки агар пули боқимондаро супорида натавонед, шартномаатонро бекор мекунем, барои ҳамин бо якхонагӣ иваз кардам".

Сохтмоне, ки ба дарозо кашид

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG