Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар овоздиҳӣ оид ба масъалаи низомӣ кардани Қрим ширкат накард


Тоҷикистон дар овоздиҳӣ барои қабули қатъномаи СММ оид ба ҳузури низомии Русия дар Қриму баҳрҳои Сиёҳ ва Азов иштирок накард. Овоздиҳие, ки шоми 18 декабр дар Маҷмаи кулли СММ баргузор шуд, бо пешниҳоди Украина сурат гирифт. Қатъномае, ки аз ҷониби Киев пешниҳод шуд, “ҳузури низомиёни рус дар Қримро хилоф бо меъёрҳои истиқлолияти миллӣ, сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина арзёбӣ мекунад” ва ин ҳолатро “таҳдид ба амнияти ин кишвар ва ҳам давлатҳои дигар дар минтақа медонад”. Дар қатънома дар робита бо “низомисозии Қрим аз ҷониби Русия, ки ин нимҷазираро ғасб кардааст, нигаронии ҷиддӣ баён шудааст”.

Ба пуштибонии мавқеи Украина дар СММ 66 кишвар, асосан давлатҳои аврупоиву ғарб, инчунин, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Япония ва чанд давлати африқоӣ овоз доданд. Мухолифи қабули қатънома 19 кишвар – аз ҷумла Беларус, Сербия, Арманистон, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Сурия, Узбекистон, Венесуэла, Куба ва Никарагуа овоз доданд. Аксари кишварҳои осиёиву Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла, Чин, Ҳинд, Покистон, Таиланд, Имороти Муттаҳидаи Араб, Вйетнам, Бразилия ва Мексика аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Дар маҷмӯъ намояндагони 35 давлат дар овоздиҳӣ ҳузур надоштанд ваё огоҳона аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Дар миёни онҳо Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам мебошанд, мегӯяд вебсайти хабарҳои СММ.

XS
SM
MD
LG