Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Рӯҳонӣ қурбонии иттиҳоми хешутаборчигӣ шуд


Комбиз Маҳдизода, домоти Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Пас аз вокунишҳо ба таъйини Комбиз Маҳдизода, домоди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба унвони муовини вазири саноат ва раиси Созмони заминшиносии Эрон, оқои Маҳдизода аз ин мақом, истеъфо дод.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, домоди Ҳасани Рӯҳонӣ се рӯз пас аз таъйин шуданаш ба ин мақом дар матни истеъфонома ба вазири саноат, маъдан ва тиҷорати он кишвар аз ӯ барои таъйн намуданаш ба ин мақом ташаккур карда ва гуфтааст, мехоҳад ба фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии худ идома бидиҳад."

Комбиз Маҳдизода соли 1984 ба дунё омада ва унвони доктории худро дар риштаи нафт аз Донишгоҳи озоди исломии Теҳрон ба даст овардааст.

Хабари таъйини домоди Ҳасани Рӯҳонӣ ба вокунишҳои густурдае дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.

Ризо Раҳмонӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфта буд, ки Комбиз Маҳдизода бар асоси шоистасолорӣ интихоб шуда ва таъйини вай "рабте ба домоди раиси ҷумҳур будан надорад".

Домоди Ҳасани Рӯҳонӣ пеш аз таъйин шудан ба мақоми раиси Созмони заминшиносии Эрон, дар вазифаи котиби Ситоди рушди фановариҳои бахши энержии он кишвар кор мекард. Вай соли гузашта бо духтари Ҳасани Рӯҳонӣ издивоҷ кард ва пеш аз ин издивоҷ ягон вазифаи давлатӣ надошт.

Комбиз Маҳдизода соли 1984 ба дунё омада ва дар риштаи нафт аз Донишгоҳи озоди исломии Теҳрон унвони докторӣ гирифтаст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Дар чанд рӯзи гузашта ҳамчунин таъйини Ҳусейн Мирхалилӣ, домоди Аҳмади Хотамӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон ба мақоми раиси ҳавзаи раёсати Созмони барнома ва будҷа, хабарсоз шудааст. Оқои Хотамӣ дар вокуниш ба интиқодҳо эълом кард, ки барои таъйини домодаш ба ин мақом, восита нашудааст. Вай таъкид кард, ки "ҳеҷ гоҳ барои ҳеҷ як аз домодҳоям супорише барои коре надошта ва надорам ва нахоҳам дошт."

Ҳусейн Мирхалилӣ, домоди Аҳмади Хотами ва фарзанди Алӣ Мирхалилӣ, намояндаи пешини порлумони Эрон аст. Ӯ рӯҳонӣ аст ва номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Аҳмад Хотамӣ пеш аз ин дар мусоҳибае гуфта буд, ки панҷ духтар дорад ва ҳамаи домодҳояш рӯҳонӣ ҳастанд.

Пеш аз ин низ таъйини Ҳодӣ Раҳмонии Фазлӣ, фарзанди Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон ба мақоми мушовири вазири иқтисод ва таъйини Муртазо Мутаҳҳарӣ, писари Алии Мутаҳҳарӣ ба унвони шаҳрдори минтақаи 17-и Теҳрон, интиқодҳоеро дар пай дошт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG