Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чин иҷоза намедиҳад, ки ҳар кас хостҳояшро болои Пекин бор кунад"


Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфт, кишвараш ҳаргиз ба хотири рушди худ манфиати давлатҳои дигарро зери по намекунад ва ба касе ҳам иҷоза намедиҳад, ки иродаашро болои Пекин бор кунад. "Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мардуми Чин талқин кунад, ки кадом корро бояд бикунанд ва кадомеро - не",-афзуд ӯ.

  • Президенти Чин дар ин бора рӯзи 18-уми декабр дар як суханрониаш бахшида ба 40-солагии либерализатсияи иқтисоди кишвар ба татбиқи ислоҳоти бештар изҳори назар кард.

Сӣ Ҷинпин ба пуштибонии иқтисоди давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ даъват кард ва гуфт, Чин дар пайи татбиқи ислоҳоти нав мешавад. Ин дар ҳолест, ки масъалаи пуштибонии бахши бузурги иқтисоди давлатӣ дар Чин мавриди баҳс бо Амрико шудааст.

Дар Чин азимтарин ширкатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ амал мекунанд, ки ин ҳам бахше аз ислоҳоти иқтисодӣ мебошад.

"Мо бояд қотеона дар паи тақвият ва рушди иқтисоди давлатӣ шавем ва баробар бо ин ҳамингуна қотеона, бо рағбати тамом рушди бахши иқтисоди ғайридавлатиро ҳам идома диҳем", - гуфт президенти Чин дар ҷаласае, ки дар толори азими миллии Пекин баргузор шуд.

Сӣ Ҷинпин дар рӯзе суханронӣ кард, ки аз замони шурӯи татбиқи барномаи маъруфи раҳбари пешини Чин Ден Сяопин “Сиёсати ислоҳот ва шаффофият” 40 сол пур шуд. Ин барномаро як инқилоби саноативу иқтисодии Чин ҳам меноманд, ки дар натиҷа, кишварро ба дуюмин иқтисоди азимтарини ҷаҳон табдил дод.

Рӯзи 18-уми декабр Сӣ Ҷинпин бори дигар ба идеяҳои ҳизби коммунист садоқати худро баён кард ва гуфт, ки ҳадафи ниҳоӣ беҳбуди низоми сотсиалистӣ бо вижагиҳои чинӣ хоҳад буд. "Натиҷаи шаффофият пешравӣ аст ва баставу маҳдуд шудан ба маънои аз ҳаракат бозмондан аст",-гуфт президенти Чин.

Зимни ёдоварӣ аз нақши ҳизби коммунист, ӯ гуфт, "ҳар қадами ислоҳот сахту сангин мешавад. Дар оянда мо бешубҳа бо чолишҳои зиёд рӯбарӯ мешавем ва ба ҳамин хотир бояд омода бошем".

Ин суханронии Сӣ Ҷинпин дар ҳолест, ки аз Чин дар заминаи тавсеаи ислоҳот ва беҳбуди дастрасии ширкатҳои хориҷӣ ба ин бозор дар пасманзари ҷанги иқтисодиаш бо ИМА интизороти зиёд доранд.

Вале ин суханҳои Ҷинпин бозорро хушнуд накард ва нишондодҳои бозори Чин беш аз 1 дарсад поин шуд.

Йонс Шорт, раиси як ширкати брокерӣ дар Пекин гуфт, "бо вуҷуди ваъдаҳои ин ки раҳбари кишвар гапҳои муҳим мезанад, чунин нашуд ва аз забони ӯ ҳарфи хеле ками нав садо дод. Хеле аз суханрониаш ба ҷаласаи политбюрои чанд рӯзи пеш монанд аст".

Шорт гуфт, ки шояд президент дар конфронси иқтисодии навбатӣ, ки бояд рӯзҳои наздик баргузор шавад, гапҳои муҳимтаре бизанад.

Ҷанги иқтисодии Чин боиси он шуд, ки ширкатҳои хусусиву соҳибкорон мақомоти баландпояи кишварро ба роҳандозии ислоҳоти билофосила даъват карданд, то бахши хусусӣ боз шуда, аз зери назари бисёр сахти давлат берун шавад.

Дар суханронии худ Сӣ Ҷинпин гуфт, ки Чин бояд мустақилона тасмим бигирад. "Ҳеҷ китобе нест, ки ба шумо қоидаи тиллоии корро бигӯяд ва ҳам ҳеҷ раҳнамое нест, ки тарзи раҳбарӣ бар мардуми Чинро намоиш бидиҳад",- гуфт ӯ.

Чин яке аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон ба шумор меравад.
Чин яке аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон ба шумор меравад.

Президентони Чин ва ИМА – Сӣ Ҷинпин ва Доналд Трамп оғози моҳи ҷорӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар баҳси тиҷоратӣ 90 рӯзи оташбас эълон мешавад.

Сӣ Ҷинпин дар суханронии худ аз пешрафтҳои иқтисодие, ки кишвар дар муддати 40 соли ислоҳот ба даст овардааст, ёдовар шуд. "Купони гандум, купони либос, купони гӯшт, купони моҳӣ, купони равған, купони маводи ғизоӣ ва дигарҳо – ин ҳама дигар моли таърих ва осорхона шуд".

Ӯ ваъда дод, ки дигар мушкилоте ба мисли қаҳтиву гуруснагӣ, ниёз ба либосу ғизо, ки давоми ҳазорсолаҳо мардуми Чин бо он рӯ ба рӯ буд, ба охир расид ва мардум дигар азият намешавад.

Дар Чин азимтарин ширкатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ амал мекунанд, ки ин ҳам бахше аз ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Ширкатҳои азими Alibaba, Tencent Holdings, Baidu, корхонаи мошинсозии Geely Automobile Holdings намунаҳои пешрафти бахши хусусӣ дар ин кишвар ҳастанд.

Вале ба андешаи бархе таҳлилгарон, аз суханронии Сӣ Ҷинпин чунин бардошт ҳосил мешавад, ки ӯ дар зеҳни худ ва сиёсатҳои баъдиаш ҳамоно нақши давлатро дар иқтисод боризу барҷаста мебинад ва дар ояндаи наздик ин стратегияро тағйир доданӣ нест.

XS
SM
MD
LG