Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин онҳеро, ки "таҳдид" мекунанд, бо мушакҳои ҷадид ҳушдор дод


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, мушакҳои замонавии Русия онҳоеро, ки "аз лаҳни таҳдидҳои низомӣ ва таҳоҷумӣ кор мегиранд, ба андеша водор хоҳад кард". Президенти Русия дар ин бора рӯзи 18-уми декабр дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати дифоъ сӯҳбат кард.

Путин гуфт, ки мушаки байниқоравии "Сармат" бомуваффақият аз озмоиш гузашт ва истеҳсоли сохтори мушакии "Авангард" оғоз шудааст.

Раҳбари Русия ҳамчунин аз сохтори лазерии "Пересвет" ва мушаки замонавии "Кинжал" ёдовар шуд. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ дар бораи ҳамин мушак суҳбат кард.

Ба гуфтаи Шойгу, ҳавопаймоҳои муҷаҳҳаз бо ин мушак то ҳол дар фарози Баҳри Каспий ва Баҳри Сиёҳ 89 парвоз анҷом доданд.

Путин моҳи октябр дар Форуми Сочӣ гуфт, ки Русия аз низоъ бо кишварҳои дигар ҳарос надорад, зеро нерӯҳояш бо таслиҳоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ба гуфтаи президент, Русия ҳеҷ гоҳ аввалин шуда силоҳи ҳастаиро ба кор намебарад, аммо омодааст ба он посух бидиҳад.

Моҳи марти имсол Путин ҳангоми ироаи паёми солонааш ба палатаи болоии порлумон аз тавлиди як мушаки болдор хабар дод, ки ба гуфтаи президент метавонад кулоҳаки ҳастаиро ба ҳар гӯшаи дунё барад ва аз зарбаи сохторҳои зидди ҳавоӣ эмин монад.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳангоми намоиши тавоноии "Сармат" аз навори компютерии 11 соли пеш истифода шуд, ки зарба ба аёлати Флоридаро нишон медод. Ба маълумоти матбуот, сарфи назар аз изҳороти президент "Сармат" ҳанӯз дар ҳоли коркард аст.

Моҳи май шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки озмоиши чаҳор мушаки дорои насби ҳастаии Русия, аз моҳи ноябри соли 2017 то феврали 2018, номуваффақ тамом шуд. Дафтари матбуоти Кремл дар посух ба ин маълумот ба хабарнигорон машварат дод, ки ба ҳарфи Путин гӯш диҳанд ва ба ӯ эътимод намоянд.

XS
SM
MD
LG