Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон таъйид кард, ки намояндагони онҳо ва мақомҳои амрикоӣ рӯзи душанбеи 17-уми декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб мулоқот ва гуфтугӯ ҳоҳанд дошт.
Дар баёнияи гурӯҳи Толибон, ки онро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ мунташир кардааст, дар бораи ин мулоқот ҷузъиёти зиёде дода нашудааст. Сухангӯи Толибон айни замон гуфтааст, намояндагони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Покистон ҳам дар нишасти рӯзи душанбе ҳузур хоҳанд дошт.
Талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғонистон аз чанд сол ба ин тараф идома дорад. Ахиран дар Маскав чунин музокироте доир шуд, ки дар он намояндагони Толибон низ ҳузур доштанд.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, вазорати умури хориҷии Амрико мулоқоти рӯзи душанбе бо Толибонро рад ва ё таъйид накардааст. Чанд моҳ пеш Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар Қатар бо Толибон дидор карда ва як мақоми баландпояи Толибон низ гуфта буд, ки оқои Халилзод аз онҳо хоста буд барои шаш моҳ оташбас эълон кунанд.
Имрон Хон, нахуствазири Покистон ду рӯз пеш гуфта буд, Амрико ва Толибон рӯзи душанбе дар бораи сулҳи Афғонистон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки раёсати ҷумҳури Афғонистон талошҳои оқои Халилзодро "ситоиш" мекунад, вале "таъкид дорад", ки музокироти расмӣ бо Толибонро танҳо ҳайати таъйиншуда аз сӯи ҳукумати Кобул пеш хоҳад бурд.
Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи Амрико дар умури кишвараш "ҳамеша гузоришҳои худро бо раиси ҷумҳур матраҳ карда ва дидгоҳҳои худро шарик сохтааст ва иқдомоташ бо ҳукумати Афғонистон ҳамоҳанг карда шудааст. Вале музокира бо Толибонро ҳайати музокиракунандаи ҳукумат анҷом медиҳад."
Зулмай Халилзод, дипломати афғонтабори амрикоӣ, зодаи шаҳри Мазори Шариф буда ва сафири пешини Амрико дар Кобул мебошад. Ӯ дар тобистони соли ҷорӣ ба унвони намояндаи Амрико дар умури Афғонистон баргузида шуд.
Ҷанг дар Афғонистон тӯлонитарин ҷанге аст, ки Амрико даргири он шуда ва он тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳад, ҳудуди як триллион доллар барои ҷанги Афғонистон харҷ шудааст.
Талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғонистон аз чанд сол ба ин тараф идома дорад. Ахиран дар Маскав чунин музокироте доир шуд, ки дар он намояндагони Толибон низ ҳузур доштанд.