Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як афсари вазорати дифои Тоҷикистон барои гирифтани пора


Як афсари вазорати дифои Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора барои аз идомаи хизмат озод намудани як сарбоз, боздошт шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17-декабр иттилоъ дод, ки Амиршо Раҳмонов, командири ротаи тирандози савораи қисми ҳарбии 07017 дар моҳи июни соли ҷорӣ аз сарбози қаторӣ "А" барои аз адои минбаъдаи хизматӣ озод намудан, 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ дар шарҳи ин қазия гуфт, аз онки сарбоз чунин маблағеро надоштааст, ба афсар Амиршо Раҳмонов пешниҳод намуд, ки мошини "Мерседес-Бенз"-и мутааллиқ ба падарашро фурӯхта ва маблағро ба ӯ медиҳад. Вале Амиршо Раҳмонов баъди шунидани ин ҳолат аз фурсати муносиб истифода бурда, аз сарбоз "А" талаб намудааст, ки ба ҷои маблағи 15000 сомонӣ, мошинро ба ӯ диҳад.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 10-уми августи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони ин ниҳод алайҳи ин афсари артиш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва дар натиҷаи гузаронидани чорибиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ барои фиреб ва сӯистифода аз мақом, боздошт шуд. Ҳамакнун пас аз анҷоми тафтишот парвандаи ин афсар ба додгоҳ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG