Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зидду нақиз аз иллати марги як фармондеҳи баландпояи сипоҳи Эрон


Дар ҳоле, ки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон сабаби марги Қудратуллоҳ Мансурӣ, фармондеҳи қароргоҳи маъруф ба "Сомин ал-аимма"-ро "тасодуф" ё "сониҳа" эълом кард, ду расонаи муҳофизакор навиштанд, ки вай пас аз як давраии тӯлонии "беморӣ" даргузашт.

Дафтари робита бо ҷомеаи Нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи якшанбеи 16-уми декабр эълом кард, ки оқои Мансурӣ "ҳини пок кардани силоҳи шахсии худ" дучори ҳодиса шуд. Бар асоси ин баёния, тири туфанча ба сари оқои Мансурӣ бархӯрда ва ӯ ҷон бохтааст.

Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон даргузашти ин фармондеҳи баландпояро тасаллият гуфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон ибтидо дар як хабар навишт, ки ин фармондеҳ пас аз бемории дарозмуддат даргузашт ва баъд аз он бар асоси баёнияи нерӯҳои заминии Сипоҳ, хабари худро ислоҳ кард.

Пойгоҳи хабарии "Субҳи Тус" низ дар баробари ин, ки аз даргузашти Мансурӣ ба дунболи "як давраи беморӣ" хабар дод, навишт, ки вай дар бемористоне дар шаҳри Машҳад фавтид. Дар ин гузоришҳо ба кадом беморӣ гирифтори будани вай ишора нашудааст.

Қудратулло Мансурӣ соли 2014 бо ҳукми фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон фармондеҳи қароргоҳи "Сомин ал-аимма"-и нерӯҳои заминии Сипоҳ таъин шуда буд. Вай қаблан фармондеҳи лашкари "Панҷи наср" ва қароргоҳи "Қудс" будааст.

Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Аҳмад Алам Ал-Ҳудо, намояндаи Алии Хоманаӣ дар вилояти Хуросони ризавӣ, даргузашти ин фармондеҳии низомиро тасаллият гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" Қудратулло Мансурӣ ҳудуди якуним сол қабл дар як ҳамоише гуфта буд, "замоне, ки авҷи даргириҳо бо такфириҳо дар минтақа барқарор буд", оқои Хоманаӣ дастур дод то қароргоҳи "Сомин ал-аимма" дар шарқи Эрон ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG