Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия ғарби Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд


Австралия ғарби Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф кардааст. Аммо нахуствазири Австралия Скотт Моррисон рӯзи 15-уми декабр гуфт, ки кишвараш то замони имзои созишномаи сулҳ бо фаластиниён сафорати худро ба онҷо намекӯчонад.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ғарби Байтулмуқаддас танҳо намояндагии тиҷоратӣ ва ҳарбии Австралияро боз хоҳанд кард.

Моррисон тасдиқ кард, ки Австралия аз тарҳи ташкили давлати мустақили Фаластиниён пуштибонӣ мекунад ва омодааст шарқи Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти он кишвар эътироф намояд.

Имсол бо амри Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сафорати он кишвар аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас кӯчонда шуд. Вале аксар намояндагиҳои расмии кишварҳои дунё ҳанӯз дар Телавив қарор доранд.

Бино ба Қонуни асосии Исроил, Байтулмуқаддас пойтахти он кишвар ба шумор меравад.

Фаластиниҳо қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пойтахти давлати ояндаи худ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG