Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писарони президенти собиқ дар Гурҷистон гуруснанишинӣ карданд


Писарони Звиад Гамсахурдия
Писарони Звиад Гамсахурдия

Константин ва Тсотне Гамсахурдия – писарони президенти пешини Гурҷистон Звиад Гамсахурдия – рӯзи 16-уми декабр бо эътироз ба бетаваҷҷуҳии Додситонии кулли ин кишвар даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Онҳо талаб доранд, ки дар робита ба марги президент Звиад Гамсахурдия дар моҳи декабри соли 1993 парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Аз замони марги Гамсахурдия 25 сол мегузарад.

Бино ба иттилои расмӣ, Звиад Гамсахурдия моҳи декабри соли 1993, баъди шикасти нерӯҳояш аз тарафи Эдуард Шеварднадзе дар як рустое паноҳ бурда ва баъди иҳотаи он аз тарафи нерӯҳои махсус худро паррондааст. Гамсахурдия моҳи майи соли 1991 президенти Гурҷистон интихоб шуда буд.

Аммо фарзандони президенти нахустини Гурҷистон ба ин маълумот ва фарзия бовар доранд. Онҳо мутмаинанд, ки падарашонро дар ҳузури яке аз муҳофизони шахсиаш нерӯҳои махсуси Гурҷистон куштаанд. Ва амри қатли ӯ аз тарафи собиқ вазири умури хориҷии Шӯравӣ ва президенти дувуми Гурҷистон Эдуард Шварднадзе содир шудааст.

Худи Шварднадзе дар замони зинда будан ва ҳамчунин афроди наздик ба ӯ иттиҳоми даст доштанаш дар куштори Гамсахурдияро қотеона рад кардаанд.

Вазири пешини амнияти давлатии Гурҷистон Игор Гиоргадзе, ки ҳоло дар Маскав зиндагӣ мекунад, иҳота шудани рустои Хибуларо аз тарафи нерӯҳо рад намекунад. Аммо ба қавли ӯ, Гамсахурдияро касе накуштааст. Ӯ мегӯяд, Гамсахурдия бо истифода аз туфангчае, ки дар ихитёр дошт, худро паррондааст.

Додситонии кулли Гурҷистон то ба ҳол ба гуруснанишинии бародарон Гамсахурдияҳо вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG