Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Чун ба додаш нарасиданд, худро дар назди ҳоким оташ зад”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини вилояти Тошканди Узбекистон ба сабаби онки мақомот ба доди ӯ нарасида ва лӯлаи буридаи гази хонаашро пайваст нанамудаанд, худро оташ задааст. Манобеъ мегӯянд, ҳодиса рӯзи 14-уми декабр дар бинои ҳукумати ноҳияи Кибрай рух дод. Нозима Эргашеваи 29-сола осеб дида ва дар хонааш табобат мегирад.

Дар ҳоли ҳозир як гуруҳи корӣ ташкил шудааст. Ин гуруҳ ба хонаи Нозима Эргашева ҳам рафт ва вазъиятро аз наздик баррасӣ дорад

"Баклашка"-и пур аз сӯзишвориро ба минбар ҳаво дод"

Яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки ҳокими ноҳия ба муроҷиати шаҳрвандон гӯш медод.

"Дар вақти ҷаласа яке аз занҳо шикоят кард, ки мақомот гӯиё бе асос лӯлаи гази хонаи ӯро буридаанд. Ба ӯ фаҳмонданд, ки аввал қарзро супорад, баъд лӯлаи гази хонаашро пайваст хоҳанд кард. Сипас ин зан як “баклашка”-и пур аз сӯзишвориро оташ зад. Толор ҳам сӯхт", - нақл кард ӯ.

Корманди мақомоти ноҳияи Кибрайи вилояти Тошканд дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо нагуфт, ки дар пайванд ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ё не.

"Гуруҳи корӣ вазъиятро аз наздик баррасӣ дорад"

Холмурод Раббонаев, мутахассиси пешбар дар ҳукумати ноҳияи Кибрай, иддао дорад, ки зани ҷавон на худро, балки толори қабули шаҳрвандонро оташ задааст. Ӯ гуфт, "зан "баклашка"-и пур аз сӯзишвориро оташ гиронда, ба тарафи минбар ҳаво дод. Ҳамон вақт дар минбар касе набуд. Аз сабаби онки сӯзишворӣ ба дасти худаш ҳам расида, осеб дид."

Ин мақоми ҳукумати ноҳия мегӯяд, Нозима Эргашева ҳаққи истифодаи гази табииро напардохта буд ва қарзаш ба марзи тақрибан 900 доллари амрикоӣ мерасид. “Мақомот лӯлаи гази хонаи ӯро бурида буданд, то қарзашро бипардозад. Ӯ аз мақомоти ноҳия талаб дошт, ки дар пардохти қарз кумак кунанд. Дар ҳоли ҳозир як гуруҳи корӣ ташкил шудааст. Ин гуруҳ ба хонаи Нозима Эргашева ҳам рафт ва вазъиятро аз наздик баррасӣ дорад”, - афзуд ӯ.

Дар гузашта чанд ҳолати худсӯзии сокинон ба дунболи ҳал нашудани мушкилоташон дар Узбекистон сабт шудааст.

Зане худ ва ду кӯдакашро оташ зад, чаро?

Моҳи апрели имсол сокини 27-солаи ноҳияи Шурчини вилояти Сурхондарё баъди муноқиша бо шавҳар, худ ва ду кӯдакашро оташ зад. Кӯдакон фавтиданд ва зан дар бемористон бистарӣ карда шуд. Мақомот гуфта буданд, ки ҳаштод дар сади бадани ӯ сӯхтааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Моҳи сентябри имсол як омӯзгор аз ноҳияи Қароқалпоқистон низ бо нишони эътироз ба тахриби, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии хонааш кӯшиши худсӯзӣ кард.

Дар Узбекистон лӯлаҳои гази шаҳрвандонеро, ки аз пардохти ҳаққи он сарпечӣ мекунанд ва ё қарзи зиёд доранд, мебуранд. Мақомот аз ин тариқ сокинонро водор мекунанд, ки пули гази истифодакардаи худро бисупоранд.

Дар Тоҷикистон ба ин монанд таҷруба вуҷуд дорад. Нозирони барқ сими хонаи онҳоеро, ки аз дар истифодаи нерӯи барқ қарздоранд, мебуранд. Танҳо пас аз пардохти ҳаққи пули истифодаи нерӯи барқ симҳо пайваст карда хоҳанд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сокинон даҳҳо ҳазор сомонӣ пули нерӯи барқи истифода кардаи худро насупоридаанд.

XS
SM
MD
LG