Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҷири тиллоӣ ва телефони рӯҳонӣ – Худсӯзии Фарзона Ғуломова ВИДЕО


куртаи Фарзона дар ин ҳодиса пурра сӯхта хокистар шуд

Як зани ҷавони ҳомила бо нишонаҳои худсӯзӣ ба бемористони шаҳри Кӯлоб интиқол ёфта, таҳти назорати пизишкон аст. Ба бовари пайвандони Фарзона Ғуломова, ин зан дар пайи азиятҳо дар хонаи шавҳар қасд ба ҷони худ кардааст. Вале наздикони шавҳар ин иттиҳомро қабул надоранд.

Занг заданд, ки “духтаратон мурдааст ва омада ҷасадашро баред". Дигар намедонам, ба замин омадам ваё ба осмон...

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари вақт хушунати хонаводагӣ сабаби аслии қасди ҷон кардани занони тоҷик мешавад. Соли 2017 наздики 500 зан қасди худкушӣ карданд ва мақомот гуфтанд, ки аксари ин ҳодисаҳо натиҷаи мушкилоти иқтисодии хонаводаҳо ва вуҷуди азияту озор нисбат ба занон дар оила мебошад.

20 дарсади баданаш сӯхтааст

Фарзона Ғуломоваи 26-соларо рӯзи 19-уми сентябр бо нишонаҳои худсӯзӣ ба бемористони шаҳри Кӯлоб интиқол доданд. Табибон ҳолати ин зани ҷавонро сангин арзёбӣ карда, гуфтанд, ки осори сӯхтор дар 20 дарсади бадани ӯ ташхис шудааст. Ҳоло мақомоти маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодиса дасту остин барзадаанд ва мегӯянд, ба зудӣ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳамсар аз Фарзона пурсид, телефони муллои ношинос дар телефонаш чӣ мекунад?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:33 0:00

Вале ҳарду ҷониби моҷаро – хешовандони Фарзона ва оилаи ҳамсараш фарзияи худро дар бораи сабабҳои дилсард шудани зан аз зиндагӣ пеш меоранд. Фарзона Ғуломова се сол қабл бо Аюби Намозалӣ, як сокини Кӯлоб оиладор шуда, соҳиби як духтар шуд. Пизишкон гуфтанд, ки ин зан ҳангоми қасди худсӯзӣ дар батнаш тифли дувумашро дошт ва ҳодиса ба ӯ таъсир нарасондааст.

Занҷири тиллои хушдоман ё телефони рӯҳонӣ?

Наздикони Фарзона Ғуломова мегӯянд, чанд рӯз пеш аз ин фоҷеа дар хонаи шавҳар моҷарое бар сари гӯё нопадид шудани занҷири тиллоии хушдоманаш бархост. Гӯё модарарӯси зан ӯро ба дуздии ин занҷир гумонбар кардааст.

кафши хунолуди Фарзона дар рӯи ҳавлии ҳамсар
кафши хунолуди Фарзона дар рӯи ҳавлии ҳамсар

Марҷонаи Ширинҷон, арӯси дигари хонавода, рӯзи 21-уми сентябр гуфт: "Фарзона худро аз пушт оташ задааст. Дод мегуфт. Чанд рӯз пеш хушдоманам занҷири худро гум карда буд. Ҳардуямонро қасам дод, қасам хӯрдем, ки нагирифтем. Дина порча-порча ёфтанд."

Вале Аюби Намозалӣ - шавҳари Фарзона, ки нахост дар назди дурбин суҳбат кунад, сабаби моҷароро на гум шудани занҷири тилло, балки пайдо шудани рақами як руҳонӣ дар телефони ҳамсараш арзёбӣ кард. Шавҳари Фарзона дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шоми 18-уми сентябр барои ҳифзи рақами муллое дар телефони мобил ҳамсарашро пурсуҷӯ кардааст.

Аюби Намозалӣ гуфт: "Шаб гуфтамаш, ки рақами телефони муллоро чӣ кор мекунӣ ва онро аз кӣ гирифтаӣ. Саҳар дар дохили ҳаммом худашро оташ зад. Ҳоло сиҳатиаш дар беморхона хубтар шудааст."

Ин ҷавон гуфт, воқеан, пештар низ Фарзона Ғуломова бо хушдоманаш муноқиша дошт: "Кадом хушдоман келинро ягон гап намегӯяд? Баъзан гапҳо мегуфтанд ва ҳамин ҷангу ҷанҷол буд."

Аюби Намозалӣ дар ҳеҷ ҷой кор намекунад ва харҷи зиндагии худу хонаводаашро аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия пайдо мекунад.

Ояндаи норӯшани Фарзона

Вале наздикони Фарзона Ғуломова мегӯянд, дар бораи сахту мушкил будани зиндагии духтар дар хонаи ҳамсар ҳамеша хабар доштанд. Ба қавли онҳо, як дафъа кормандони ҷамоат ҳам ин хонаводаи ҷавонро аз ҷудошавӣ нигоҳ дошта, ба Фарзонаву шавҳараш машварат доданд, дар манзили алоҳида зиндагиро идома диҳанд.

Оймомо Иқболова, модари Фарзона гуфт, "пештар низ ҳамин хел ҷангу ҷанҷол буд. Як дафъа хостам, ки зиндагӣ накунанд. Боз ҷангу ҷанҷол кардаанд. Субҳи 19-уми сентябр ба хонаи духтари дигариам рафта будам. Занг заданд, ки "духтаратон мурдааст ва омада ҷасадашро баред". Дигар намедонам ба замин омадам, ваё ба осмон".

Як сабаби аслии сар задани моҷаро дар хонаи шавҳари Фарзонаро наздикон дар ҳамзистии шумори зиёди мардум дар як ҳавлӣ медонанд. Дар хонаводаи домод ба ғайр аз Фарзонаву оилааш, боз як келину ду хоҳари шавҳар ва модарашон якҷо зиндагӣ мекунанд. Бархе наздиконашон мегӯянд, ки дахолати зиёди хоҳарони шавҳар ба зиндагии хусусии Фарзона ҳам боис ба моҷаро дар хонавода мешавад.

Ҷомеашиносони тоҷик, ки хушунати хонаводагиро як мушкили усулӣ дар аксар хонаводаҳои Тоҷикистон меноманд, мегӯянд, дар асл ин масъала паҳлӯ ва решаҳои амиқ дорад ва барои кам шудани чунин ҳолатҳо бояд ҳам намояндагони мақомот ва ҳам ҷомеаи маданӣ фаъол бошад.

Занони хушунатдида, ки аксар талош мекунанд, вуҷуди мушкил ва поймолшавии ҳуқуқ дар хонаро аз дигарон пинҳон кунанд, гоҳе ба танг омада, сӯиқасд ба ҷони худро гӯё роҳҳали масъала мебинанд. Солҳои охир вазъ дар Тоҷикистон боз аз он назар нигаронкунанда шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандонашон қасди ҷон мекунанд. Матбуот дар солҳои охир дар бораи ҳадди ақал 20 чунин ҳодиса хабар додааст, ки ба андешаи таҳлилгарон, бисёр сангин будани ин масъаларо ошкор мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG