Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина калисои мустақил ва ҷудо аз Русия таъсис медиҳад


Нишасти Шӯрои калисоҳои Украина дар Киев
Нишасти Шӯрои калисоҳои Украина дар Киев

Шӯрои калисоҳои Украина рӯзи 15-уми декабр қарор кард, ки калисои ҷомеи ҷудо аз Калисои православии Русия таъсис диҳад. Дар ҷаласаи шӯрои калисоҳо Украина, сиёсатмадорон, руҳониён ва тарафдорони таъсиси Калисои мустақил аз ҷумла раиси ҷумҳур Петро Порошенко суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки ин рӯз дар таърихи Украина ҳамчун рӯзи таъсиси Калисои мустақил боқӣ мемонад ва «Чун рӯзе, ки дар ниҳоят мо истиқлоли худро аз Русия мегирем». Калисои Украина то кунун ба Калисои православии Русия итоат мекард.

Ҳазорон нафар дар назди калисои Софияи муқаддас дар Киев, ки онҷо ҷаласаи шӯрои калисоҳо мегузашт, ҷамъ омаданд. Ҷаласа паси дарҳои баста сурат мегирад.

Эълони калисои мустақил дар Украина, ки бояд чанд муқаррароти дигари диниро паси сар кунад, ба танишҳо миёни Украинаву Русия меафзояд. Ду тараф аз соли 2014 аз замони ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ва шуруи ҷанг дар шарқи Украина муносиботи бад доранд.

XS
SM
MD
LG