Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаҳрамонии" як ронандаи тоҷик дар қонуншиканӣ


Маркази сабти "Шаҳри бехатар"
Маркази сабти "Шаҳри бехатар"

Бозрасии давлатии автомоболии Тоҷикистон мегӯяд, як ронандаи мошини "Форланд" дар шаҳри Душанбе 376 маротиба қоидаҳои ҳаракатро риоят накардааст ва ягон дирам пули ҷаримаашро ҳам напардохтааст.

Баёнияи бозрасиро вазорати умури дохилӣ рӯзи 15-уми декабр нашр кард. Дар он омадааст, баъзе аз ронандагон хунукназарӣ зоҳир намуда, ҷаримаҳои таъйиншударо сари вақт пардохт наменамоянд.

Дар ин баёния ронандаи мошини тамғаи “Форланд”- ро мисол овардаанд, ки ба Сарраёсати хоҷагӣ-коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тааллуқ доштааст.

Ба гуфтаи Бозрасии давлатии автомобилӣ камераҳои наворбардории “Шаҳри бехатар” ҳамчунин 178 маротиба риоят нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи як сокини шаҳри Душанберо сабт кардаанд ва ӯ ҳам ҷарима напардохтааст.

Бозрасӣ дар ин баёния аз ронандагон хостааст, ки ҷаримаҳоро саривақт бипардозанд.

XS
SM
MD
LG