Сенати ИМА бо тасвиби як қатънома масъулияти куштори журналист Ҷамол Хошуқҷиро бар души валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмон гузошт. Муаллифони ин қатънома, ки Сенат аз он якдилона пуштибонӣ кард, аз Риёз даъват мекунад, ки ҳамаи нафарони ворид дар қазияи куштори рӯзноманигорро ҷазо диҳад.
ба гуфтаи матбуоти амрикоӣ, коршиносон истихбороти ба ин натиҷа расидаанд, ки амри куштани Хошуқҷиро танҳо валиаҳди Арабистони Саудӣ метавонист содир кунад.
Пештар аз ин ИМА нисбати 17 шаҳрванди Арабистони Садуӣ таҳрим ҷорӣ кард, ки эҳтимол меравад, ин афрод шомили ҳайати гуруҳи зудамали қатли Хошуқҷӣ буданд. Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунаққидони ҳукумати Саудӣ буд ва барои The Washingto Post мақола менавишт, авоили моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд.
Чанде аз вакилони амрикоӣ рӯзи панҷшанбе аз президенти ИМА Доналд Тромп хостанд, паёми мушаххас диҳад, ки Вашингтон чунин амалҳои Арабистони Саудиро таҳаммул нахоҳад кард. Трамп хулосаҳои Хадамоти марказии иктишофии Амрикоро печида унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, муносибат бо Риёз барои Вашингтон аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва таъмини амнияти минтақаи Шарқи Наздик аҳамияти зиёд дорад.
Рӯзи панҷшанбе сенаторҳои амрикоӣ ҳамчунин бо аксарияти овоз қатъномаи манъи ҳимоят аз Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононашро дар Яман қабул карданд. Арабистони Саудӣ дар Яман зидди гуруҳи мусаллаҳи хусиҳо меҷангад. Сенаторҳо дар пайи қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ ин қатъномаро қабул карданд.