Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ихроҷи наздикони мақомҳои Эрон аз Амрико


Брайн Ҳук, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷии Амрико дар умури Эрон эълон кард, ки ин вазорат масъалаи ихроҷи фарзандони мақомоти Ҷумҳурии исломӣ аз ин кишварро баррасӣ мекунад.

Вай дар як паёми видеоӣ, ки рӯзи сешанбеи 11-уми декабр дар сафҳаи "Твиттер"-и форсии вазорати умури хориҷии Амрико мунташир шуд, таҳсили фарзандони мақомоти Эрон дар Амрикоро як намунаи дигар аз "риёкорӣ"-и мақомоти Теҳрон донист.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон чанде қабл аз Доналд Трамп хоста буд, то феҳристи наздикони мақомҳои Ҷумҳурии исломиро, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд ё корти иқомат доранд, мунташир кунад.

Ба гуфтаи оқои Ҳук, дар ҳоле, ки мақомоти ҳукуматӣ дар Эрон шиори "Марг ба Амрико" сар медиҳанд, хонаводаҳои худро ба кишвари "ба истилоҳ шайтони бузург" мефиристанд, то бо истифода аз пули мардуми Эрон дар инҷо зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

Вай гуфт, "метавонам бигӯям, ки дар бораи ин масъала кор мекунем. Вале наметавонам дар бораи парвандаҳои афрод ё гуфтугӯҳоямон дар бораи сиёсати дохилиамон сӯҳбат ​кунам."

Оқои Ҳук хитоб ба мардуми Эрон таъкид кард, "шумо метавонед мутмаин бошед, ки мо тамоми роҳҳоро барои таҳти фишор қарор додани афроди риёкори фосид дар ҳукумататон истифода хоҳем кард, то онҳо рафторашонро тағйир диҳанд."

Шабакаи NBC ахиран хабар дода буд, ки хонаводаҳои амрикоӣ зиндонӣ дар Эрон дар номае аз ҳукумати Доналд Трамп хостаанд, ки визаи фарзандони мақомҳои баландпояи ҳукумати Эронро, ки дар Амрико ҳузур доранд, лағв кунад.

Тибқи ин гузориш, хонаводаҳои ин зиндониён феҳристе аз фарзандон ва наздикони мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла бародарзодаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эронро ба ҳукумат ва Конгресси Амрико пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бародарзодаи Ҳасани Рӯҳонӣ ва писари муовини ӯ Маъсума Ибтикор дар Амрико таҳсил мекунанд.
Гуфта мешавад, ки бародарзодаи Ҳасани Рӯҳонӣ ва писари муовини ӯ Маъсума Ибтикор дар Амрико таҳсил мекунанд.

Гуфта мешавад, Фотима Лориҷонӣ, духтари Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон низ дар ҳоли ҳозир дар яке аз иёлатҳои Амрико ба сар мебарад. Бар асоси ин гузориш, Алӣ Фаридун, фарзанди Ҳусейн Фаридун, бародарзодаи Ҳасани Рӯҳонӣ дар Ню-Йорк донишҷӯ аст.

Исо Ҳошимӣ, писари Маъсума Ибтикор, муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода низ ҳамакнун донишҷӯ ва сокини Калифорния мебошад. Маъсума Ибтикор аз донишҷӯёне буд, ки сафорати Амрико дар Теҳронро ба тасарруф дароварда ва 52 дипломати амрикоиро гаравгон гирифтанд.

Муҷтабо Зуннур, намояндаи Қум дар порлумон ва узви Ҷабҳаи пойдории Эрон пештар дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Эътимод" гуфта буд, "оқои Обама дар ҷараёни баҳси созиши ҳастаӣ тасмим гирифт ба 2500 нафар аз эрониён шаҳрвандӣ бидиҳад ва бархе оқоён ва масъулон бо якдигар мусобиқа гузоштанд, ки фарзандонаш ҷузъи ин 2500 нафар бошанд."

Ин изҳорот вокунишҳои густурдаи дар пай дошт ва шабакаи хабарии "Fox news" дар Амрико низ аз изҳороти ӯ гузорише таҳия кард. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ бо ишора ба гузориши "Fox news" гуфта буд, "нав маълум шуд, ки ҳукумати Обама дар тӯли музокироти ҳастаӣ ба 2500 эронӣ, аз ҷумла мақомоти ҳукуматӣ шаҳрвандӣ додааст."

Аммо як мақоми Шӯрои амнияти миллии Амрико дар ҳукумати Обама, дар вокуниш ба ин паёми Доналд Трамп гуфт, ки "ин иттиҳом хандаовар ва ғалат аст".

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон чанде қабл аз Доналд Трамп хоста буд, то феҳристи наздикони мақомҳои Ҷумҳурии исломиро, ки дар Амрико зиндагӣ мекуанд ё корти иқомат доранд, мунташир кунад.

XS
SM
MD
LG