Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон – як зина боло, Тоҷикистон – "мавриди нигаронии хос"


Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи озодиҳои динӣ мақоми Узбекистону Покистонро тағйир додааст. Масъулони департамент рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон гуфтанд, ки номи Узбекистон аз гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" берун шуда, баръакс, номи Покистон ба ин гуруҳ ворид гардидааст. Дар бораи ин тасмим шоми 11 декабр Котиби давлатии Амрико Майк Помпео хабар дод. Қарор аст гузориши озодиҳои динии Департаменти давлатӣ барои соли 2018 соли оянда нашр шавад.

  • Узбекистон аз соли 2006 ба ин тараф аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба гурӯҳи кишварҳои "мавриди нигаронии хос" ворид мешуд.
Дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон нафарони алоҳида бо озору ҳабс рӯ ба рӯ шуда, бархеро марг таҳдид мекунад. Айби онҳо ин аст, ки мехоҳанд мувофиқ ба талаботи дини худ зиндагӣ кунанд

Узбекистону Русия - дар як қатор​

Мақомоти Департаменти давлатии Амрико гуфтанд, ҳамакнун вазъи озодиҳои динӣ дар Узбекистонро дар қатори кишварҳое арзёбӣ мекунад, ки "зери назорати вижа" ҳастанд. Дар ин гурӯҳ имсол Русия ҳам ворид шудааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дар Русия даҳҳо гурӯҳҳои диние ба мисли "Шоҳидони Яҳво", баптистҳо, лютеранҳо ва дигарон мавриди ҳадаф қарор доштанд ва аз соли 2016 дар ин кишвар фаъолияти созмонҳои миссионерӣ мавриди пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

"Мавриди таҳримҳои иқтисодӣ қарор мегиарнд"

Гузориши Департаменти давлатӣ дар бораи озодиҳои динӣ дар саросари ҷаҳон ҳамасола (шурӯъ аз соли 1998) нашр мешавад. Кишварҳои феҳристи мазкур, вобаста ба он ки дар сатҳи боло қарор доранд ё поин метавонанд мавриди таҳримҳои иқтисодӣ қарор гиранд.

Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи сешанбе дар Вашингтон гуфт, имсол дар мувофиқа бо Конгресс ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” Покистон ҳам шомил шудааст. Чунин мавқеи Ислобомод дар ин феҳрист ба он маъност, ки Покистон метавонад мавриди таҳримҳои Амрико қарор мегирад.

Дар феҳристи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор додани Покистон равобити миёни Вашингтону Исломободро мушкилтар мекунад. Вашингтон гуфтааст, ки ин тасмим бештар ба он хотир гирифта шуд, ки Покистон барои иҳонат ба арзишҳои дини Ислом ҳукми марг ҷорӣ кард.

Дар Покистон, ки бахши аъзами сокинонаш суннӣ ҳастанд, созмонҳои ҳомии озодии баён дар робита бо шеваи бархӯрд бо ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла шиаҳо, аҳмадиҳо ва масеҳиён изҳори нигаронӣ кардаанд. Чунин арзёбиҳои Департаменти давлатӣ боис ба эътирози ҳукумати Покистон шуд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон субҳи 12-уми декабр ин арзёбиҳо ҳамчун “тасмими якҷониба ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” рад шудааст. Вазорат навиштааст, ки “Покистон як кишвари бисёрмазҳабӣ буда, ҷомеаи гуногунандеш дорад ва намояндагони динҳои мухталиф дар як ҷо зиндагӣ мекунанд”.

Тоҷикистон мавриди нигаронии хос

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузоришҳои худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро низ ба гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кардааст.

Департаменти давлатӣ моҳи майи имсол Тоҷикистонро ба гуруҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ворид намуд ва аз маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар кишвар интиқод карда буд. Дар посух мақомот гуфтанд, дар кишвар озодиҳои динӣ риоят мешавад.

Дар миёни кишварҳои дигари мавриди нигаронии хос, ки даст ба “нақзи мунтазам ва доимии озодиҳои динӣ” мезананд, Чину Эрон, Мянмар, Куриёи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, ва Туркманистон ном бурда мешаванд. Ин гузориш рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон муаррифӣ шуд.​

"Гуноҳи онҳо чист?"

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, “дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон нафарони алоҳида бо озору ҳабс рӯ ба рӯ шуда, бархеро марг таҳдид мекунад. Айби онҳо ин аст, ки мехоҳанд мувофиқ ба талаботи дини худ зиндагӣ кунанд”.

Ӯ афзуд, ки "Амрико наметавонад дар баробари чунин фишорҳо як тамошобин бошаду бас".

Гузориши Департаменти давлатӣ исми чанд гуруҳи ҷангҷӯро ба унвони “сохторҳои мавриди нигаронии хос” ҳам ёд кардааст, ки дар миёни онҳо “Ҷабҳат-ан-Нусра”-и Сурия, “Ал-Қоида”, аз ҷумла “Ал-Қоида”-и амалкунанда дар Яман, “Аш-Шабоб”-и Сомалӣ, “Боко Ҳаром”-и Африқои Ғарбӣ, Ҳусиҳои шӯришии Яман, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва Толибон ном бурда мешаванд.​

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG