Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯйхат"-и тақрибан 6 000 зани "бадахлоқ" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Мақомот гуфтанд, ки шумори занони, ба истилоҳи расмӣ “бадахлоқ”, аз ҷумла танфурӯшҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 400 нафар бештар шудааст.

Ба занҳо санги маломат мезанем, вале ҳеҷ вақт намегӯем, ки агар харидор набошад, мол аз куҷо пайдо мешавад? Гарм будани бозори танфурӯшҳо чанд сабаб дорад. Аз ҳар паҳлӯе нигоҳ кунем, мардҳо гунаҳкоранд.

Маъмурони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол ҳудуди 6 ҳазор занро ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт кардаанд. Бино ба иттилои расмӣ, аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд. Гуфта мешавад, номи баъзе аз ин занҳо такрорӣ ба феҳрасти ба истилоҳ “бонувони бадахлоқ” ворид шудааст.

Аз хатар то одат

Номи Заррина, як мусоҳиби Радиои Озодӣ, бори аввал вориди феҳрасти танфурӯшҳо шудааст. Вай 28 сол дорад ва ба қавли худаш чаҳор моҳ пеш ба кӯчаи танфурӯшӣ рафт.

“Соле қабл бо умеди кору зиндагӣ аз як ноҳияи дурдаст ба Душанбе омадам. Зиндагӣ барои ман барин зани ҷавон, ки аз шавҳар талоқ гирифтааст, осон набуд. Кори муносиб пайдо нашуд ва бо тавсияи чанд шиноси навам, ки ҳангоми кор дар ошхона ошно шуда будем, ин роҳро интихоб кардам”, - нақл кард ӯ рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Заррина мегӯяд, ҳарчанд бисёриҳо танфурӯширо “роҳи осони пулёбӣ” медонанд, дар асл чунин нест ва мушкилу хатарҳои худро дорад. Ӯ гуфт, “хатари аслӣ афтодан ба дасти маъмурони милиса аст. Занони танфурӯш зери назорат ҳастанд ва вақте бо гумони танфурӯшӣ боздошт мешаванд, ҷарима ва ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз таҳдид мекунад. Инчунин, хушунату зӯроварӣ ва мубтало шудан ба бемории норасоии масунияти бадан.”

Сабти номи 6000 "зани бадахлоқ" дар Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло аз тарси маъмурони милиса дар кӯчаҳо муштарӣ намекобанд. “Нафароне ҳастанд, ки бо мардҳо гап мезананд ва баъдан вобаста ба табъу хоҳиши онҳо моро интихоб мекунанд. Чандон пули зиёде кор намекунем, вале агар инро ҳам накунем, намешавад. Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки вақте ба ин роҳ рафтӣ, одат мекунӣ ва баргаштан осон нест”, - афзуд Заррина.

“Як сол ҳунар омӯзам, бачаҳоямро кӣ мехӯронад?”

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот аз роҳи боздошт ва “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гурӯҳ ишора мекунанд.

Масъулони Кумитаи кор бо занон мегӯянд, ба ин занон касбу кор меомӯзад, вале боз ҳам шумори онҳо кам намешавад. Заррина мегӯяд, пешниҳоди кор дар сохторҳое, ки маоши кам медиҳанд, роҳи ҳал буда наметавонад. “Ман ним солу як сол рафта ҳунаромӯзӣ кунам, ба бачаҳои ман кӣ нон медиҳад?”, - суол гузошт Заррина. Вай афзуд, агар фабрика ё корхонаи саноатие бо даромади миёна мешуд, ҳатман рафта кор мекард, вале ҳоло барои худ интихоби дигаре намебинад.

Саодат Алиева, як ҳомии ҳуқуқ, гуфт, мақомот дар баробари мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ бояд таваҷҷӯҳро ба масоили муҳими иҷтимоии дигар, ба мисли дастрасӣ ба таҳсил, никоҳҳои бармаҳал, камбизоатӣ ва муҳоҷирати корӣ ҷалб намоянд. Чун, ба гуфтаи Алиева, бояд барои ин занон роҳҳои дигари даромади молӣ муҳайё карда шавад.

Мушкили иқтисодӣ ё ахлоқӣ?

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт: "Агар, воқеан, фақр дар ҷомеа омили афзоиши занони танфурӯш аст, пас, барои коҳиши сатҳи нодорӣ бояд чора андешид. Агар мушкил - мушкили ахлоқист, дар мавзӯи ахлоқ бештар кор бояд кард. Фикр мекунам , танфурӯшӣ пеш аз ҳама сабабҳои иқтисодӣ дорад ва ин ба ҳама маълум аст".

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Саодат Алиева, мақомоти дахлдор бояд бо афроде, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, низ мубориза баранд. Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, ҳам мегӯяд ҳанӯз даҳ соли пеш бо иншои як мақола пешниҳод карда буд, барои фоҳиша шудани як зан бояд 12 мард ҷазо бинад.

Ӯ гуфт, “ҳамеша дар ин масъала баҳои мо яктарафа аст. Занро санги маломат мезанем, вале ҳеҷ вақт инро баррасӣ намекунем, ки агар харидор набошад, мол аз куҷо пайдо мешавад? Гарм будани бозори танфурӯшҳо чанд сабаб дорад, ки аз ҳар паҳлӯе нигоҳ кунем, мардҳо гунаҳкоранд. Харидори танфурӯш ҳам мард аст ва оне, ки ӯро ба ин бозор тела додааст, мард аст.”

Дӯзандагӣ ва қаннодӣ – ба ҷои танфурӯшӣ

Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳадаф аз боздошти занону духтароне, ба ин роҳ рафтаанд, роҳнамоӣ ба масири рост ва ҳамингуна пешгирӣ аз касод шудани ахлоқ дар ҷомеа аст. Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оила дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо миёни занони ба истилоҳ “бадахлоқ” корҳои таблиғотӣ мебаранд ва дар баробари кумакҳои равониву ҳуқуқӣ барои онҳо давраҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва қаннодӣ ҳам пешниҳод мекунанд.

Сабоҳат Маҳмадалиева
Сабоҳат Маҳмадалиева

“Агар дар сехҳои дӯзандагии Кумитаи кор бо занон ҷои кор бошад, ин занонро таъмин мекунем. Вагарна онҳоро ба Оҷонсии шуғли аҳолӣ мефиристем”, - мегӯяд Сабоҳат Маҳмадилева.

Ин масъули Кумитаи кор бо занон иддао кард, ки дар нуҳ моҳи имсол наздики бист ҳазор зан бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, беш аз панҷ ҳазор зан бо омӯзиши касб фаро гирифта шудаанд, ки дар миёни онҳо занони дар гузашта бадахлоқ ҳам ҳастанд.

Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG