Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёрат аз пули издивоҷаш дар васфи президент китоб навишт


Зиёрат Киромзода

Зиёрат Киромзода, унвонҷӯи риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии забонҳо, парвардаи яке аз ятимхонаҳои Тоҷикистон дар васфи президент Эмомалӣ Раҳмон панҷ китоб навиштааст. Ӯ мегӯяд, пулеро, ки чанд сол барои тӯйи арӯсӣ ҷамъ карда буд, барои нашри китоби нахустинаш дар васфи президент Раҳмон сарф кард.

  • Чаҳор китоби ин ҷавони 26-солаи тоҷик – "Пешвои ятимпарвар", "Нури Раҳмонӣ", "Пешвои миллат ва рушди Раштонзамин" ва "Пешвои миллат дар шинохти миллӣ" – аллакай нашр шудаанд. Китоби панҷумаш дар бораи президент дар арафаи нашр аст.
Афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯиё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбудӣ намешавад.

Парвардаи мактаб - интернат

Зиёрат Киромзода хатмкардаи мактаб-интернати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт аст. Каримзода мегӯяд, ки соли 2006 дар як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт дар ҳузури президент як рубоиро хонда ва таваҷҷуҳи раиси ҷумҳурро ба худ ҷалб кард.

Ӯ дар бораи раиси ҷумҳур хеле бо эҳсосу ҳаяҷон сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ки ҳамчун парвардаи мактаб-интернат мехост бо нашри китоби "Пешвои ятимпарвар" сипоси ятимонро ба президент баён кунад. Зиёрат Киромзода дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11 декабр гуфт: "Дар ҷумҳурӣ 74 мактаб-интернат аст. Ман шахсан ба 71 мактаб-интернат рафта, бо ятимон ва парасторон суҳбат кардам. Мактаб-интернатҳо аз хӯрокворӣ, либос, бо рахти хобу хонаи гарм таъмин ҳастанд."

"Нақшаи хонаву мансабгирӣ надоштам"

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ин ҷавони зодаи Рашт мегӯяд, манзур аз таълифи китобҳо дар бораи президент Эмомалӣ Раҳмон "ҳаргиз даст ёфтан ба мансаб, хонаву манзил ва неъматҳои моддии дигар нест". Мегӯяд, "ҳамааш аз сидқи дил аст ва бо хоҳишу иродаи худ ба таълифи ин китобҳо" пардохтааст.

Киромзода гуфт, "вақте соли 2016 дар сафари навбатии президент ба минтақаи Рашт суханронӣ кардам, дасти холӣ набудам ва китоби "Пешвои миллат дар шинохти миллӣ"-ро шахсан ба дасташон супурдам. Пурсиданд, ки "чанд пул барои нашри китоб сарф кардӣ, чӣ хидмат кунам?" Ман аз ҷаноби олӣ чизе нахостам. Агар тамаъҷӯиву манфиатхоҳ мебудам, дар ҳамон ҷо чизе барои худ дархост мекардам, аммо накардам".

Зиёрат Киромзода эътироф мекунад, ки шояд президент ба нашри чунин китобҳо ниёзе ҳам надорад, аммо ӯ таҳия ва нашри китобҳоро дар бораи президент як рисолати худ медонад. Ӯ мегӯяд, бо талошу заҳмати худ ба аспирантура шомил шуд ва ҳоло рисолаи илмӣ менависад. Киромзода филолог аст. Ба ҷуз аз унвонҷӯӣ ним баст дар маҷаллаи “Соҳибкор” - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ҳам кор мекунад ва дар он ҷо 354 сомонӣ маош мегирад.

Холисона ё..?

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи библиографии "Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ" ба нашр расида буд, ки тибқи маълумоти он, аз соли 1994 то ин замон беш аз 2200 асари насриву назмӣ ва публисистӣ дар бораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон эҷод шудааст.

Эҷодгарони чунин асарҳо мегӯянд, самимонаву холисона китоб навиштаанд, аммо мунаққидон мегӯянд, дар бисёр маврид ҳадафи чунин асарҳо ҷалби таваҷҷуҳи раиси ҷумҳур аст, ки гоҳо роҳи муаллифонро ба зинаҳои баландтари ҷомеа боз мекунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон чанд дафъа аз аҳли зиё хоста буд, таърифу тавсифи беҳудаашонро нисбат ба ӯ хотима диҳанд ва баръакс ба ошкоркунии камбудҳои аслии ҷомеа рӯ оранд.

Моҳи октябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи студияи нави телевизион дар шаҳри Хуҷанд аз кори телевизионҳои давлатӣ дар кишвар интиқод карда, гуфт: “Афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯиё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбудӣ намешавад.”

Табиати қудрат дар Осиёи Марказӣ

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, пажуҳишгари тоҷик мегӯяд, "дар 10-12 соли ахир раиси ҷумҳур борҳо дар мазҳари ом хоҳиш кард, ки дигар ӯро таърифу тамҷид накунанд. Вале таърифу тавсифҳо кам нашуданд ва ин мушкил бармегардад ба табиати қудрат дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои шарқии мусулмонӣ. Дар ин ҷуғрофиё фарҳанги мадҳу ситоиши раҳбар ҳамеша ҷой дошт ва 70 соли даврони Шӯравӣ ҳам натавонист ин фарҳангро пурра барҳам диҳад."

Сулаймонӣ афзуд, айни замон даҳҳо мисоли рӯшан ва ибратбахше аз кишварҳои дигари дунё вуҷуд дорад, ки намунаи олии муносибати раҳбарони мардумро ба намоиш мегузоранд. “Тоҷикистон метавонад ба онҳо пайравӣ кунад ва аз фарҳанги куҳнаву бозмонда, ки бар арзишҳои замони мо ҳамхонӣ надорад, даст кашад", - хулоса кард ӯ.

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, мақомдорони собиқадор бояд дар хотир бигиранд, ки дар баробари ситоиши пешравиҳо, ошкор кардани мушкилоту камбудҳо метавонад ба ҳалли масоил кумак кунад, вагарна ҷомеа пеш рафта наметавонад. Ӯ гуфт, вақте ин фалсафаро тасмимгирандаҳои муҳим дар қудрат дуруст дарк мекунанд, дар ҷомеа тағйироту ислоҳот ба миён меояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG