Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи душанбеи 10-уми декабр дар паёми телевизионии худ бо ишора ба эътирозҳои ахир ба вазъи иқтисодии он кишвар гуфт, аз оғози соли оянда ҳадди ақали маошҳо 10 дарсад боло хоҳад рафт.
Раиси ҷумҳури Фаронса дар нахустин суханронии худ пас аз сахттарин эътирозҳои ду ҳафтаи ахир, хостори бозгашти оромиш ба кишвар шуд ва бо лаҳне ҳамдилона нисбат ба "хашм"-и умумӣ аз вазъияти душвори молии мардум сӯҳбат кард.
Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, дар ин эътирозҳо фурӯшгоҳҳо ба ғорат рафта ва мошинҳо ба оташ кашида шудаанд.
Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин ваъда додааст, ки андози иловашуда аз соатҳои кориро ҳазф кунад ва дар айни ҳол гуфт, ки аз дубора ҷорӣ кардани андозҳо ба сарватмандон худдорӣ мекунад ва ба ҷои он, бо қонуншиканиҳои молӣ мубориза хоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Фаронса эътирозҳои ахири гурӯҳи мавсум ба "зардҷомаҳо"-ро натиҷаи норизоятии 40-сола дар он кишвар гуфт. Ӯ айни замон таъкид кард, ки ҳамла ба пулис ва ғорати мағозаҳо кори дуруст нест.
Шеваи бархӯрди пулиси Фаронса бо эътирозгарон бо интиқодҳои сахте рӯбарӯ шудааст. "Зардҷомагон" эътирозҳои худро дар чаҳор ҳафтаи пеш дар ибтидо ба афзоиши андоз аз маводи сӯхт оғоз карданд, аммо рафта-рафта хостаҳои онҳо густариш ёфт ва шумори зиёде аз онҳо хоҳони барканории оқои Макрон шуданд.
Порис -- пойтахти Фаронса ва ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ахиран шоҳиди даргириҳои сахт бо пулис буданд. Рӯзи шанбеи гузашта наздик ба 125 ҳазор тан аз эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд. Нерӯҳои пулис бо партоби гази ашковар ва мошинҳои обпош онҳоро пароканда карданд.
Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, дар ин эътирозҳо фурӯшгоҳҳо ба ғорат рафта ва мошинҳо ба оташ кашида шудаанд. Пулис мегӯяд, 1375 нафар боздошт шудаанд. Рӯзи шанбе нерӯҳои пулис барои пешгирӣ аз ҳаракати эътирозгарон ба қасри раёсати ҷумҳури Фаронса, аз гази ашковар истифода карда буданд.
"Конфликт в Украинн уже через несколько месяцев может вызвать глобальный продовольственный кризис, который продлится годы, предупредила ООН" Дунёро хатари гуруснагӣ интизор аст, Помир барои барканории роҳбар мииииитинг карда истодааст
Машварат ба Рустами Эмомалӣ. Рустам, дар хиёбони марказии Душанбе як аллейкаро барои ҷойи ҳайкали ин ва дигар шаҳидони роҳи демократӣ брон карда мон. Баъди рафтани падарат ба кор хоҳад омад, ин хизмататро мардум чун мэри ояндабин ба инобат хоҳад гирифт.
Режими берахм. Парронидани мардум чиноят аст.
Худо пушту панохатон бародарони Бадахши, х,ар катра хуне ки дар рах,и талаби х,укуки худ додед бе натица намемонад. Дар вок,еь х,ак додани нест балки талаб кардани ва гирифтани АСТ.
Thanks