Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Осло ҷоизаи Сулҳи Нобел тақдим шуд


Дар шаҳри Осло рӯзи 10-уми декабр ҷоизаи сулҳи Нобел тақдим шуд.

Барандаҳои имсолаи ин ҷоиза - ду нафар – табиби амрози занона аз Конго Денис Муквеге ва фаъоли язидиҳои Ироқ Нодия Мурод мебошанд, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" озори ҷинсӣ шудааст. Дар маросими тақдими ҷоиза аъзои ҳукумати Норвегия ва хонаводаи шоҳӣ ширкат мекунанд.

Берит Рейсс-Андерсен, раиси Кумитаи норвежии Нобел дар маросими тақдими ҷоизаи сулҳи Нобел гуфт, озоди ҷинсиву таҷовуз ба номус ҳамчун силоҳи ҷангиро бояд ҷинояти ҷангӣ эътироф кунанд:

“Кумитаи Норвежии Нобел қарор кард, ки ҷоизаи Сулҳи Нобелро дар соли 2018 ба Денис Муквеге ва Нодия Мурод ба хотири талошҳояшон дар хатми истифодаи хушунатҳои ҷинсӣ ба унвони силоҳи ҷанг дар низоъҳои мусаллаҳона тақдим кунад. Муборизаи муштараки онҳоро мешавад дар се ҷумла баён кард: Таҷовуз ба номус ва дигар навъҳои хушунати ҷинсӣ дар ҳеҷ як ҷанге набояд ба ҳайси силоҳ истифода шавад. Таҷовузи мунтазам ҳамчун як стратегияи ҷанг ваё низоъ як ҷинояти ҷангӣ аст. Масъулини ингуна ҷиноятҳои ҷангӣ бояд муҷозот шаванд ва беҷазоии онҳо бояд хотима дода шавад”.

Нодия Мурод як духтари язидӣ аз аввалин қурбониҳои таҷовузи ҷинсӣ буд, ки аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи таҷовузи ҷинсии қавми язидӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гуфт.

Денис Муквеге дар Конго бо таъсиси клиникаи вижаи кумак ба занони қурбонии таҷовузҳои ҷинсии гурӯҳӣ маъруф шуд. Аксар муштариҳои ӯ заноне мебошанд, ки аз ҷониби силоҳбадастону ҷангҷӯён таҷовуз шуда, қурбонии ихтилофҳои низомии қавмҳои даргир дар ин кишвари африқоӣ шудаанд.

Исми барандаҳои ҷоизаи сулҳро рӯзи 5-уми октябр масъулони Кумитаи Нобел дар шаҳри Осло эълон карда буданд. Ин ҷоиза ҳар сол барои шахсиятҳое тақдим мешавад, ки барои сулҳ бештар аз ҳама талош кардаанд. Соли гузашта Маъракаи байналмилалии мубориза бо силоҳҳои ҳастаӣ барандаи ин ҷоиза шуд.

XS
SM
MD
LG