Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликияти пинҳонии муовини сарвазири Қирғизистон ва $889 000 ҳисоб шуд


Дуйшенбек Зилолиев
Дуйшенбек Зилолиев

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон амвол ва маблағҳои берун аз эъломияи ноиб-сарвазири пешини ин кишвар Дуйшенбек Зилолиевро ошкор кард.

Ба иттилои ин ниҳод, бар асоси эъломияи расмӣ, Зилолиев дар солҳои 2011 то 2016 ҳамагӣ 2,5 млн сом (бештар аз 35 ҳазор доллар) даромад доштааст. Даромади ҳамсари вай 408 ҳазор сом будааст. Аммо сарвати мансабдори пешин ба маротиб бештар аз рақамҳои расмӣ аст.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки то моҳи сентябри соли 2018 Зилолиев 889,9 ҳазор доллари берун аз эъломияашро дар яке аз бонкҳои тиҷоратӣ нигаҳ доштааст. Ҳамзамон ӯ чанд манзил ва қитъаи замин дар ихтиёр дошт, ки дар эъломияаш сабт накардааст. Ба иттилои тафтишот, ин амвол ба номи наздикони Зилолиев ва афроди дигар сабт шуда буданд.

Барои мисол, 17 апрели соли 2017 Дуйшенбек Зилолиев ду толорро дар маркази Бишкек ба номи яке аз наздиконаш сабт кард. Арзиши онҳо мутаносибан 34 млн ва 19 млн сомро ташкил медиҳад. Ба илова, Зилолиев ҳангоми фаъолият ба ҳайси роҳбари Оҷонсии давлатии геология ва захираҳои табиии Қирғизистон, ба яке аз наздиконаш ғайриқонунӣ иҷозатномаи коркарди кони тилоро додааст.

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон талаб доранд, ки мансабдори пешин манбаи қонунии даромади амвол ва дигар дороияшро собит кунад.

Дуйшенбек Зилолиев айбҳои эълоншударо рад мекунад. Ӯ ҳангоми берун шудан аз толори додгоҳ рӯзи 9 декабр гуфт, дороияшро пинҳон накардааст ва дар фурсатҳои наздик ҳуҷҷатҳоро дастраси омма мегардонад.

Баъди маросими савганди президент Сооронбой Ҷеенбеков дар таърихи 24 ноябри соли 2017, нисбати Зилолиев бо моддаи "Хабари бардурӯғ дар бораи терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳ ӯро шартан 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG