Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи Пашинян дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд


Никол Пашинян

"Қадами ман" - эътилофи иҷрокунандаи вазифаи сарвазирии Арманистон Никол Пашинян бо дарёфти беш аз 70 дарсади раъйи мардум дар интихоботи порлумонии ғайринавбатии рӯзи якшанбе пирӯз шуд.

Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии Арманистон баъди баршумории 100 дарсади баргаҳои раъй хабар дод.

Ҳизбҳои "Арманистони рӯ ба рушд" ва "Арманистони бомаърифат" бо касби мутаносибан 8 ва 6 дарсади раъй вориди порлумон шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ки дар гузашта ҳизби ҳоким буд, ба порлумон роҳ наёфт. Ин ҳизб натавонист, 5 дарсади раъйи кофиро барои шомил шудан ба порлумон дарёфт кунад. Ба ҷонибдорӣ аз ҳизби ҳокими пешин ҳамагӣ 4,7-и сокинон раъй додаанд.

Дар интихоботи порлумонии Арманистон нуҳ ҳизб ва ду эътилоф ширкат карданд. Дар интихобот 48,6 дарсади сокинони дорои ҳаққи раъй ширкат варзиданд.

Пашинян моҳи майи соли ҷорӣ баъди эътирозҳои саросарӣ дар Арманистон ба қудрат расид. Миёнаҳои моҳи октябр вай аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод ва муваққатан иҷрои ин вазифаро бар дӯш гирифт. Ибтидои моҳи ноябр президенти Арманистон порлумонро пароканда эълон ва фармон дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатиро имзо кард. Ин фармон баъди он содир шуд, ки порлумон ду навбат натавонист, сарвазири навро таъйид кунад.

Пашинян дар давраи роҳбарияш фурсат пайдо кард, ки ҳамаи роҳбарони вилоятҳои кишварро иваз кунад, маъракаи зидди фасодро ба роҳ монад ва ҳаҷми даромади буҷаро аз ҳисоби андозҳо афзоиш диҳад. Ҷонибдорони Пашинян бовар доранд, ки вай тавассути порлумони назоратшаванда метавонад, дар Арманистон ислоҳоте амалӣ кунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG