Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии шинохтаи ҳуқуқи Русия даргузашт


Людмила Алексеева 91 сол дошт.

Людмила Алексеева, яке аз ҳомиёни собиқадори ҳуқуқи инсон ва аз мухолифони давлат дар Русия рӯзи 8-уми декабр ва дар синни 91-солагӣ даргузашт.

Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи башар дар Русия гуфт, Людмила Алексеева “то охири умраш ҳомии ҳуқуқи инсон монд, ӯ зиндагиашро ба дӯстонаш бахшид. Марги ӯ талафоти бузурге барои тамоми ҳомиёни ҳуқуқи инсон аст.”

Рӯзномаи “Москов таймс” ӯро як дафъа “модари тамоми ҷомеаи ҳомии ҳуқуқ дар Русия” номидааст. Людмила Алексеева, ки дар асл бостоншинос буд, аз соли 1960 дар замони шӯравӣ барои ҳуқуқи инсон мубориза бурдааст.

Ӯ ба ҳимоят аз ҳуқуқи дигарандешон ба мисли нависанда Андрей Синиавский ва Юлий Даниел садо баланд кардааст, ки ҳардуро барои интиқоди ҳукумати шӯравӣ дар матбуоти хориҷӣ ба зиндон андохтанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси экологӣ бо як ширкати чинӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG