Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқ худашро ба дасти пулис супурд


Роберт Кочариён
Роберт Кочариён

Роберт Кочариён, раиси ҷумҳури собиқи Арманистон баъди беэътибор шудани ҳукми раҳоии ӯ аз боздошт, ихтиёрӣ ба идораи пулис рафта ва худро ба дасти мақомот таслим кардааст. Дар ин бора Ҳайк Алумиён, вакили дифои ӯ хабар дод.

Аз ин пештар дар рӯзи 7-уми декабр, додгоҳи болоӣ ҳукм дар бораи раҳо кардани Роберт Кочариён аз боздоштро беэътибор кард ва амр дод, ки ӯ дигарбора дастгир шавад. Боздошти дигарбораи раиси ҷумҳури собиқ ду рӯз пеш аз интихоботи порлумонӣ дар Арманистон сурат мегирад.

Роберт Кочариёнро моҳи июли имсол ба саркӯби тазоҳуроти мухолифон дар соли 2008 муттаҳам ва дастгир карданд. Дар он сол дар натиҷаи фурӯ нишондани тазоҳурот 8 тазоҳургар ва ду маъмури пулис кушта шуданд. Роберт Кочариёнро ба он муттаҳам мекунанд, ки бар хилофи қонун ба артиш амр додааст, ба зидди тазоҳургарон аз нерӯ истифода кунанд.

Мухолифон дар он сол бо ин иддао, ки дар интихоботи порлумонӣ тақаллуб шудааст, ба майдон баромаданд. Роберт Кочариён мегӯяд, иддаоҳо асос надоранд ва раҳбарони нав мехоҳанд аз ӯ ниқор бигиранд.

XS
SM
MD
LG