Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихбороти Чехия танқиди президентро рад кард


Пайкараи нахустин президенти Чехословакия Томас Масарик

Истихбороти Чехия шабакаи ҷосусҳои як хадамоти махсуси Русияро ошкор кард. Телевизиони Чехия рӯзи 7-уми декабр аз қавли раҳбари идораи амният ва иттилооти ин кишвар Михал Коуделка гуфт, ки ниҳоди таҳти назари ӯ дар панҷ соли охир даҳҳо ҷосуси Русия ва Чинро ошкор кардааст.

Изҳороти раҳбари истихбороти Чехия ба дунболи танқиди президент Милош Земан пахш шуд, ки гуфт, хадамоти амният бидуни далел дар бораи ҳузури теъдоди зиёди ҷосусҳои Русия ва Чин гузориш медиҳад, дар ҳоле ки ин маълумот дар гузоришҳои махфии хадамоти махсус вуҷуд надорад.

Бисёр сиёсатмадорони Чехия аз Идораи амният ва иттилоот пуштибонӣ карданд. Нахуствазир Андрей Бабиш гуфт, ин муассиса фаъолияти ҳирфаиро намоиш дод ва вазири умури дохилӣ ин истихборотро аз идораҳои ҳирфаии Аврупо номид.

Танқиди Милош Земан ба гузориши солонаи Идораи амният ва иттилоот дахл дошт, ки рӯзи 3-юми декабр нашр шуд. Дар ин санад таҳдиди фаъолияти Русия ба амният бештар аз таҳдидҳои террористӣ, тундгароӣ ва ҷиноӣ унвон шуд.

Ба ғайр аз ҳамлаҳои киберӣ ба Вазорати умури хориҷии Чехия, хадамоти махсус Русияро ба татбиқи "стратегияи гибридӣ" дар қаламрави кишвар, ки барои заиф кардани НАТО ва Иттиҳоди Аврупо истифода мешавад, муттаҳам кард. Дар баробари ҷосусӣ, сухан аз талошҳои Русия барои назорат ба муассисаҳои калидӣ, ширкатҳо ва ташкили маъракаҳои таблиғотӣ ба фоидаи Маскав аст.

Президенти Чехия Милош Земан аз ҳаводорони Русия аст ва инро пинҳон намекунад. Ӯ борҳо ба Маскав сафар карда, зарурати лағви таҳримҳо алайҳи Русияро таъкид кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

"Толиби амрикоӣ" озод мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG