Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Трамп Ҳезер Найертро сафири ИМА дар СММ таъйин кард


Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Ҳезер Нойерт

Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи таъйини сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҳезер Найерт ба мақоми сафирии Амрико дар СММ қарор қабул кард. Дар ин бора сомонаи Bloomberg рӯзи гузашта бо такя ба манобеи худ хабар дод. Хабаргузории Reuters ва чанд расонаи дигар ҳам ин хабарро нашр карданд.

Ба иттилои Fox News, Трамп ин хабарро рӯзи 7 декабр Трамп тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунад. Моҳе пеш Трамп ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Нойертро ба мақоми сафирӣ пешбарӣ кардааст.

Нойерти 48-сола, ба навиштаи Bloomberg, "интихоби ғайристандартӣ" ба мақоми сафири доимии ИМА дар СММ аст, зеро ӯ аз таҷрибаи корӣ дар мақомҳои олии давлатӣ бархурдор нест.

То таъинаш ба мақоми сухангӯи Департаменти давлатӣ, Ҳезер Найерт мудати тӯлонӣ хабарнигори шабакаи телевизионии ABC News буд ва баъдан ба шабакаи Fox News гузашт. Нойерт дар он шабака муҷрии яке аз барномаҳои писандидаи Доналд Трамп - "Fox and Friends" буд.

Никкӣ Ҳейлӣ - сафири амалкунандаи ИМА дар СММ моҳи октябр хабар дод, ки то охири сол аз ин мақом меравад. Расонаҳо навиштанд, ки Ҳейлӣ мумкин аст, Майкл Пенсро дар мақоми ноиби президенти ИМА иваз кунад.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG