Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Душанбе – Алмато ба далели туман дар Чимкент нишаст


Фурудгоҳи Остона
Фурудгоҳи Остона

Ҳавопаймои ширкати давлатии TajikAir, ки рӯзи гузашта аз Душанбе ба шаҳри Алматои Қазоқистон парвоз мекард, ба далели вазъи номусоиди ҳаво натавонист, дар фурудгоҳи Алмато нишинад ва ба фурудгоҳи иловагӣ фиристода шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба маркази матбуотии фурудгоҳи Алмато хабар доданд, ки ҳавопаймои ширкати TajikAir ба фурудгоҳи шаҳри Чимкент фиристода шудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ба далели вазъи бади ҳаво парвози ҳавопаймоҳои маҳаллӣ низ бо таъхир сурат мегирад.

Дар хабари фурудгоҳ ҳамчунин гуфта шудааст, ки сарфи назар аз вазъи ҳаво омодааст,

Ҳавопаймои ширкати миллии Тоҷикистон - TajikAir, ки аз Душанбе ба шаҳри Алматои Қазоқистон парвоз карда буд, ба далели вазъи номусоиди ҳаво натавонист, дар фурудгоҳи Алмато ба замин нишинад ва ба фурудгоҳи иловагӣ фиристода шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба маркази матбуотии фурудгоҳи Алмато хабар доданд, ки ҳавопаймои ширкати TajikAir ба фурудгоҳи шаҳри Чимкент фиристода шудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ба далели вазъи бади ҳаво парвози ҳавопаймоҳои маҳаллӣ ҳам бо таъхир сурат мегирад.

Дар хабари фурудгоҳ ҳамчунин гуфта шудааст, ки сарфи назар аз боду ҳаво Алмато омодааст, ҳавопаймоҳоро қабул кунад.

XS
SM
MD
LG