Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафҳои даргир дар ҷанги Яман ба гуфтугӯ оғоз карданд


Намояндагони тарафҳои даргир дар ҷанги Яман рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр дар музокироте, ки бо миёнҷигарии СММ дар Шведсия баргузор шуд, ширкат карданд. Музокироти сулҳ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Яман бо умедҳои зиёд, вале дар айни ҳол бо нобоварӣ ба натиҷаҳои он оғоз шуд.

Мартин Гриффитс, фиристодаи хоси СММ дар бӯҳрони Яман гуфт, ки ҷонибҳо дар қадами аввал, дар бораи мубодилаи асирон ва зиндониён ба созиш расиданд. Ба гуфтаи ӯ, аз амалкарди ҷонибҳои даргир дар ҳафтаҳои ахир чунин бардошт мешавад, ки онҳо дар коҳиши ҷанг ҷиддӣ ҳастанд.

Рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ба зудӣ тавзеи маводи хӯрокворӣ дар Яман барои ҳудуди 4 миллион нафарро оғоз хоҳад кард.

Оқои Мартин Гриффитс аз онҳо хост дар амри коҳиши ҷанг ва дар натиҷа аз байн бурдани мусибатҳои мардум дар фақиртарин кишвари ҷаҳони араб, гом бардоранд.

Бар гуфтаи фиристодаи вижаи СММ дар умури Яман, ин гуфтугӯ заминае барои музокироти баъдӣ дар мавриди созиши сулҳ мебошад. Вай афзуд, "гуфтугӯҳои рӯзҳои оянда таърихӣ аст ва аз ҳар ду тараф хост "бо ҳусни ният ва дар амри даст ёфтан ба сулҳ талош кунанд.

Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, "тавофуқе дар бораи зиндониён, асирон, гумшудаҳо ва афроде, ки ба рӯз боздошт шуда ва ё дар ҳабси хонагӣ ҳастанд, имзо шудааст. Ин тавофуқ натиҷаи талошҳо ва фаъолиятҳои муассири ҳайатҳои намояндагии ду тараф аст."

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, ҷанги Яман шадидтарин фоҷеаи башарии ҷаҳонро ба вуҷуд оварда ва ҳадди ақал 10 ҳазор ғайринизомӣ ҷони худро аз даст доданд. Аммо ба гуфтаи ниҳодҳои кӯмакрасон ва коршиносон, шумораи воқеии талафот аз ин бештар аст.

Мартин Гриффитс, фиристодаи вижаи СММ дар бӯҳрони Яман.
Мартин Гриффитс, фиристодаи вижаи СММ дар бӯҳрони Яман.

​Эътилофи низомӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки аз баҳори соли 2015 вориди ин ҷанг шуд, дар ҳамлаҳои ҳавоии худ мактабҳо, бемористонҳо, бозорҳо ва ҳатто маросимҳои арӯсӣ ва сӯгвориро ҳам ҳадаф қарор дод. Гурӯҳи Ҳусӣ низ бо мушак ба нуқтаҳои мухталиф дар хоки Арабистони Саудӣ ҳамла карда ва киштиҳои дар ҳоли ҳаракат дар Баҳри Сурхро ҳадаф қарор додааст.

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, интизор доранд, ки ин музокирот ба суръат ба як созиши сулҳ бианҷомад. Дар остонаи музокирот, тарафҳои даргир дар ҷанги Яман, якдигарро ба идомаи даргириҳо муттаҳам карданд. Ҳамакнун даргириҳои мусаллаҳона дар бархе аз нуқтаҳои ин кишвар идома дорад.

Мартин Гриффитс гуфт, ин музокирот чандин мавзуи муҳим барои ду тарафи даргирро дар бар хоҳад гирифт, аз ҷумла мубодилаи асирон ва зиндониён, додани пул ба Бонки Марказӣ то битавонад маоши коркунони идораҳои давлатӣ дар минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи Ҳусиро пардохт кунад.

Ҳамчунин дар ин музокирот эҳтимоли супурдани контроли бандари муҳим ва стратегии Ҳудайда ба Созмони Милали Муттаҳид ва рафъи муҳосираи фурудгоҳи Санъо матраҳ аст. Оқои Гриффитс афзуд, "ба назарам дар рӯзҳои оянда дар ин музокирот метавонем роҳҳи ҳалле барои бархе мушкилоти мушаххас пайдо кунем, ки ҳамкориҳоро афзоиш ва мушкилу мусибатҳои мардумро камтар хоҳад кард.

Ҳамзамон рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ба зудӣ тавзеи маводи хӯрокворӣ дар Яман барои ҳудуди 4 миллион нафарро оғоз хоҳад кард.

Сухангӯи Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфт, тибқи ин тарҳ, то моҳи январ ба ҳудуди 12 миллион нафар кӯмакҳои башардӯстона расонида хоҳад шуд. Ҳудуди се миллион нафар аз ин афрод занон ва кӯдакон ҳастанд, ки дар сурати дарёфт накардани кӯмак, дучори гуруснагӣ хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG