Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири нақлиёти Қирғизистон ҳангоми порагирӣ боздошт шуд


Хадамоти зиддикоррупсионии Қирғизистон муовини вазири нақлиёти ин кишварро ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар ришва боздошт кард. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи гузашта хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, муовини вазир барои пуштибонӣ аз як ширкати хориҷӣ дар тарҳи сохтмони роҳи мошингард, ришва талаб кардааст.

Гуфта мешавад, муовини вазир дар маҷмуъ аз ширкат 520 ҳазор доллар ришва хост. "Қисме аз ин маблағ дар ҳаҷми 120 ҳазор долларро муовини вазир пештар тавассути миёнаравҳои ширкати хориҷӣ дарёфт кард. Маблағи боқимондаро мебоист давоми ҳафтаҳои оянда дастрас кунад", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, муовини боздоштшудаи вазири нақлиёт Азимхон Жусуболиев аст. Ӯ моҳи феврали соли 2017 ба ин мақом таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG