Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирӯз Қалавуров дар Русия ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи ноҳияи Смолинскийи шаҳри Санкт-Петербург, Фирӯз Қалавуров, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ дар калисои Қазони Санкт-Петербург муттаҳам мешуд, ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба канали телеграмии Иттиҳодияи хадамоти матбуотии додгоҳҳои Санкт-Петербург хабар доданд.

Бар пояи ин хабар, Фирӯз Қалавуров дар маҳбаси низомаш умумӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ ба нигоҳ доштан ё фурӯхтани маводи тарканда ва ҳамчунин хабар надодан аз ҷиноят, гунаҳкор дониста мешавад. Аммо ба навиштаи ин манбаъ, худи Фирӯз Калавуров ин иттиҳомотро радд кардааст.

Дар авохири соли 2017 як гурӯҳи ҳафтнафарӣ боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомоти Русия, қасди анҷоми ҳамлаи террористиро доштанд. Пас аз боздошти онҳо, рӯзи 17-уми декабри соли гузашта додгоҳ ҳукм кард, ки Фирӯз Қалавуров ҳамроҳ бо Шомил Омаргаҷиев аз Доғистон ва Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон то 14-уми январ дар боздошт мемонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин се нафар бо раҳбарии Евгений Ефимов мехостанд рӯзи 16-уми декабр ба калисои Қазони Санкт-Петербург ҳамла анҷом диҳанд.

Пас аз боздошт, Кремл эълон кард, ки бо кумаки созмони истихборотии Амрико ё CIA аз ин ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург пешгирӣ шудааст. Дар иттилоияи ҳукумати Русия гуфта мешуд, ки гумонбарон қасд доштанд дар калисои Қазони Санкт-Петербург ва чанд ҷои дигари серодами ин шаҳр ҳамла анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG